Кормандони Хадамоти муҳоҷират кумаки худро ба муҳоҷирони меҳнати дареғ намедоранд!

1,606 просмотров

Бо фарорасии фасли баҳор садҳо нафар шаҳрвандони мамлакат омодаи сафари корӣ ба минтақаҳои гуногуни кишвари Федератсияи Россияро мебинанд. Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро, ки барои муҳоҷирати меҳнатӣ омодааст, огоҳ менамояд, ки пеш аз сафар ба кишвари Россия ба сохторҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Кормандони Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ Хадамоти муҳоҷират ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотиро дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ тақвият бахшида, омодаанд ба шаҳрвандон кӯмак расонанд.

Дар соли 2015 ба Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ 112183 нафар шаҳрвандон оид ба тағйиру иловаҳо дар қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Россия муроҷиат намуда, ба саволҳо ва масъалаҳои рӯзмараи худ ба таври мушаххас посух гирифтанд, инчунин барои омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани Патент, қонуни намудани будубоши худ маълумот низ дода шуд.

Айни замон дар Хадамоти муҳоҷират рӯйхати шаҳрвандоне, ки воридшавии онҳо ба Федератсия Россия манъ карда шудааст ба ҳолати 30 ноябри соли 2015 мавҷуд мебошад.

Аз ин лиҳоз, Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ба диққати шаҳрвандони ҷумҳурӣ мерасонад, ки пеш аз сафар ба Федератсияи Россия шаҳрвандон ҳатман ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намуда, маълумотҳои заруриро дастрас намоянд.

         Манучеҳр Элназарзода
мутахассиси Шуъбаи ташкли ва умумӣ.