Паёми Президент – роҳнамои мо

1,689 просмотров

Санаи 20.01.2016 барои кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд низ рӯзи хотирмони фаромӯшнашаванда буд.

Дар радифи дигар аъзоёни ҷомеа онҳо низ муташаккилона Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муташаккилона тамошо карданд.
Бояд гуфт, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тамошои муташаккилонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд. Дар толори маҷлисгоҳ тамоми кормандони Раёсат ҳузур доштанд.

Суханронии Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро бо шавқу завқ шунида, онҳо бори дигар боварӣ ҳосил намудем, ки халқи Тоҷикистонро ояндаи дурахшон дар пеш аст. Ватани азизамон сол то сол ободу зебо гардида, сатҳи зиндагии халқ боло меравад. Дар ин радиф ғамхорию дастгири нисбати муҳоҷирон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ҳам меафзояд.

Аҳли Раёсат Паёми Президентро чун роҳнамо ва дастури амал қабул намуда, тасмим гирифтанд, ки дар рафти бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ мазмуну мӯҳтавои онро ба аҳли ҷомеа мерасонанд. Ҳамзамон тамоми кӯшишу ғайрати худро ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ватанамон равона месозанд, -гуфт мудири бахши молия ва хоҷагии Раёсат Собит Собиров.

Раёсати ХМ дар вилояти Суғд.