Кушодашавии Маркази муҳоҷиратии калонтарини бисёрҷабҳа дар Москва

1,665 просмотров

29 январи соли 2016 Роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират Зоҳир Мирзоев дар кушодашавии расмии Маркази муҳоҷиратии калонтарини бисёрҷабҳа дар Москва иштирок намуд. Дар маросми ифтитоҳ мери шаҳри Москва Сергей Собянин, Роҳбари Хадамоти Федералии Муҳоҷирати Россия Константин Ромодановский ва Роҳбари Маркази муҳоҷиратӣ Николай Федосев ширкат доштанд. Маркази муҳоҷиратӣ дар наздикии деҳаи Сахарово воқеъ буда, яке аз марказҳои калонтарин дар миқёси Россия мебошад.

Марказ бисёрҷабҳа буда, дар он шаҳрванди хориҷӣ азруи принсипи «даричаи ягона» метавонад ҳама ҳуҷҷатҳои лозимиро барои гирифтани патент таҳия намояд.

Марказ бо ҳама шароити қабул ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон таъмин ва муҷаҳҳаз аст. Барои гирифтани патент ба шаҳрванди хориҷӣ кифоя аст, ки шиноснома ва корти муҳоҷиратӣ бо нишон додани мақсади воридшавӣ «кор» бо худ дошта бошад.

Зоҳир Мирзоев бо тартиботи гузаштани муоинаи тиббӣ, дактилоскопия ва тестгирии муҳоҷирон шинос шуд. Қобили зикр аст, ки марказ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз аст.
Барои муайян намудани сатҳи аввалияи бемориҳои хавфноки сирояткунанда, аз қабили бемории сил, дар марказ дастгоҳи рентгении замонавии дақиқ амал мекунад. Бо мақсади таъмини бехатарии саломатии ҳам кормандони марказ ва ҳам мизоҷон дар рафти гузариши флюрографӣ, дастгоҳи мазкур бо шуопошии хеле паст метавонад бемориро муайян намояд.

Роҳбари Намояндагӣ З. Мирзоев, инчунин, синфҳои дарсиро, ки дар он омодагии муҳоҷирон барои супоридани имтиҳон гузаронида мешавад, дидан намуда, бо имтиҳонгирандагон ва муаллимон суҳбат намуд.

Боиси хушнудист, ки бо мақсади хизматрасонии босифат ва роҳати мизоҷон дар марказ кормандони бо забони модарии муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла забони тоҷикӣ ҳарф мезада ба кор ҷалб шудаанд, то барои гузаштани ҳама тартибот ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо осон ва фаҳмо машварат диҳанд.

Маблағи хараҷот барои гирифтани патент дар маҷмуъ, бо супоридани андоз дар моҳи аввал – 14 200 рубли русиро ташкил медиҳад.

Полиси суғуртаи тиббӣ аз 2900 рубл ва тестгирӣ бошад – 500 рублро ташкил медиҳад. Қобили зикр аст, ки маблағи гирифтани сертификат дар марказ назар ба тамоми Россия арзонтар мебошад.

Дар ҳолати гузашта натавонистани имтиҳон, мумкин аст, ки такроран 500 рубл супорида, тестҳоро аз нав гузашт.

Инчунин, дар ҳудуди марказ барои муҳоҷирони меҳнатие, ки ба ҷои зист ниёз доранд, меҳмонхона бо тамоми шароити зарурӣ сохта шудааст. Шаби иқомат дар меҳмонхона ҳамагӣ 320 рубли русиро ташкил медиҳад.

Мутобиқи қонунгузорӣ муҳлати тартиб додани патент 10 рузи кориро ташкил меиҳад – аз вақти додани ариза ба Хадамоти федералии муҳоҷират ва бастаи пурраи ҳуҷҷатҳо.

Максад аз ташкил намудани чунин марказ, пеш аз ҳама пешгирӣ ва бартараф намудани миёнаравҳои даромадгиранда аз ҳисоби тартиби патент мебошад. Шаҳрванди хориҷӣ дар марказ ҳама бастаи ҳуҷҷатҳоро бе иштироки миёнарав, бе пардохти зиёдатӣ ва хатар аз ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, метавонад омода намояд.

Ба марказ бо автобуси махсуси «ММЦ» аз истгоҳи метрои Аннино метавон расид.

Намояндагии Вазорати ММША ҶТ оид ба
муҳоҷират дар ФР