Муроҷиати 7053 нафар шаҳрвандон ба Хадамоти муҳоҷират Дар 20 рузи соли 2016

602 просмотров

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Хадамоти муҳоҷират – қабул ва роҳнамоии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо мебошад.

Рӯз то рӯз шумораи муроҷиаткунандагон – шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба Шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷаи Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ Хадамоти муҳоҷират афзуда истодааст.

Тавре, ки ба мо корманди Дастгоҳи марказӣ Дустмурод Умбаров иброз дошт, дар 20 рузи соли 2016 ба Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он 7053 нафар бо дархост муроҷиат намуданд. Аслан, шаҳрвандони кишварамон ба Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ бо се восита муроҷиат менамоянд, ин муроҷиати шифоҳӣ, муроҷиати хаттӣ ва муроҷиат тариқи телефони боварӣ мебошад.

Аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон – муроҷиати шифоҳӣ 6296 -нафар, муроҷиати хаттӣ-139 нафар ва муроҷиати телефони боварӣ-618 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 6180 -нафарашонро мардон ва 873 нафарашон занон мебошанд.

Ба маълумот расониданием, ки ҳангоми санҷиши шаҳрвандон пеш аз сафар ба Федератсияи Россия 2456 нафар шаҳрвандони кишвар дар рӯйхати мамнӯъшудагон дар маҳзани маълумоти Хадамоти муҳоҷират мавҷуд буданд ва онҳо аз сафари бебарор баргардонида шуданд.

Имрӯзҳо муроҷиати шаҳрвандон рӯз то рӯз меафзояд. Агар муроҷиати шаҳрвандон ба Хадамоти муҳоҷират дар соли 2012 – 547 нафар, соли 2013 – 15480 нафар, соли 2014 – 71 000 ва соли 2015, 112 183 нафар муроҷиатро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки ба ҳамаи муроҷиаткунандагон аз ҷониби кормандони Шуъба маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода шуда, 4 намуд буклетҳо оид ба қонунгузори нави Федератсияи Россия ройгон тақсим карда мешавад.

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки шаҳрвандон ба кӯмаку дастгирӣ ва маслиҳати кормандони Хадамоти муҳоҷират ниёз доранд.

Ҳамзамон, 7762 нафар шаҳрвандоне, ки воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Россия манъ карда шудааст, Хадамоти муҳоҷират дар якҷоягӣ бо Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо ҷойи кори доимӣ дар дохили кишвар таъмин намуданд.

Айни ҳол, аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти Федералии муҳоҷирати Россия гуруҳи экспертӣ руйхати 5 категория шаҳрвандоне, ки воридшавиашон ба қаламрави Россия манъ карда шудааст, таъсис дода шудааст.

Аз ҷониби ин гурӯҳи экспертӣ ба зиёда аз 1444 нафар шаҳрвандони кишварамон, ки воридшавии онҳо ба Федератсияи Россия манъ карда шуда буд, иҷозаи дубора барои рафтан ба ин кишварро гирифтанд. Айни замон, кор дар ин самт идома доранд.

Аз ин лиҳоз, ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандони ҷумҳурӣ мерасонем, шахсоне, ки воридшавиашон ба қаламрави Россия манъ карда шудааст, метавонанд ҳуҷҷатҳои зеринро ба Хадамоти муҳоҷират пешниҳод намояд:

1) Наздикони оила, ки шаҳрвандии Федератсияи Россияро дошта бошанд (шиноснома, ақди никоҳ ва шаҳодатномаи таваллуди падару модар, бародару хоҳар, зану шавҳар);
2) Донишҷуёне, ки дар шуъбаҳои рӯзона дар Федератсияи Россия таҳсил менамоянд (шиноснома, маълумотномаи аз донишгоҳ ё донишкада, билети донишҷӯ ва дафтарчаи имтиҳонот);
3) Шахсоне, ки дар қаламрави Федератсияи Россия дорои патент, иҷозати кор, иқомат барои зист (вид на жительство и РВП) фаъолият намудаанд (чекҳои патенти ҳармоҳа ва шартномаи меҳнатӣ);
4) Шахсоне, ки барои табобат ба Федератсияи Россия мераванд (роҳхати беморхонаи Федератсияи Россия ва маълумотнома дар бораи табобат дар қаламрави ФР);
5) Шахсоне, ки дар қаламрави Федератсияи Россия дар номи худ амвол доранд (имущество) яъне, (дар номи худ хона ва замин дорад нусхаи шиносномаи хона ва замин, сертификат).

Аз ин рӯ, шахсоне, ки воридшавиашон ба ин кишвар манъ буда, ҳуҷҷатҳои мазкурро доранд, метавонанд ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намоянд.