Сафарбаркунӣ ба шаҳри Тюмен меафзояд

631 просмотров

Чун дар соли 2015 соли равон низ дар миқёси вилояти Суғд 9 адад субъектҳои хоҷагидор ба мусофиркашонӣ ва бо ҷои кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ машғул мебошанд.
Бо гарм шуда истодани ҳаво сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби онҳо афзуда истодааст. То имрӯз чандин гурӯҳ ба шаҳри Тюмен аз ҷониби ҶДММ “Роҳи Абрешим” гуселонида шуданд. Бояд гуфт, ки ба ин шаҳр муҳоҷирони меҳнатиро дигар субъектҳои хоҷагидор ҳам гусел карда истодаанд.

Аз ҷумла 5 феврали соли равон ҶДММ “Сомонэкспрестранс” 34 нафар муҳоҷирони меҳнатиро ба Тюмен сафарбар кард. Онҳо зодагони аксари шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон буда, барои 1 сол ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд.

Дар маросими гусел муҳоҷирони меҳнатӣ бо маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ таъмин гардиданд.

Раёсати ХМ дар вилояти Суғд