Сафари гурӯҳи корӣ оғоз ёфт

684 просмотров

8 феврали соли равон сафари гурӯҳи кории шӯъбаи муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба шаҳру ноҳияҳо оғоз ёфт. Бояд гуфт, ки ба ҳайати гурӯҳ ҳамзамон намояндагони шӯъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шомил шудаанд.

Мақсад аз ташкили сафарҳои корӣ санҷиши рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2009, №530 “Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолии қобили меҳнат аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012” мебошад.

Мувофиқи нақшаи кории Раёсат гурӯҳи корӣ ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳои қабулкунандаи муҳоҷирон сафар намуда, бо рафти бунёди манзилҳои истиқоматӣ, ба вуҷуд овардани инфрасохтори зарурӣ ва кӯчонидани аҳолӣ шинос мешавад.

Дар рӯзи нахустини сафар гурӯҳ аз ноҳияи Зафаробод дидан ба амал овард.

Раёсати ХМ дар вилояти Суғд.