ТАҶЛИЛИ 21-УМИН СОЛГАРДИ САРҚОНУН ДАР ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ

1,449 просмотров

5 ноябри соли равон дар толори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ботантана бахшида ба таҷлили 21-умин солгарди Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода, муовини сардори Хадамот Толибҷон Шарипов ва кормандони дастгоҳи Хадамоти муҳоҷират иштирок намуданд.

Дар назди ҳозирин Сардори Хадамот Тоҳир Каримзода баромад намуда, аз ҷумла, қайд намуданд, имсол ба қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 сол пур мешавад. Конститутсия омили муҳими муттаҳидкунанда, ҳифзи сулҳу субот, оромӣ ва ризояти шаҳрвандӣ дар ҷомеа мебошад. Ин санади тақдирсоз ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёт ва фаъолияти инсон, сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро дар бар мегирад ва санади тақдирсозест, ки роҳи рушду пешрафти давлати точиконро дар садсолаҳо равшан месозад.

Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талошҳои пайгиронаи Президенти давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, аз 10 боб ва 100 модда иборат аст.

Ҳамчуноне ки дар Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст: мардуми Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор медонад ва зимни таъмини соҳибихтиёрии давлат ва рушду камоли он, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас мешуморад, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор додааст.

Мавриди тазаккур аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста дар ҳолати тағйиру таҳаввул қарор дорад ва хоcса, Тоҷикистон, ки рӯ ба тараққӣ аст, бинобар дигаргуниҳои дохилӣ ва хориҷӣ, қонунгузории хеш¬ро низ бояд мутобиқ бо ниёзҳои рӯз такмилу тагйир бидиҳад. Ин буд, ки дар давоми 24 соли Истиклолияти давлатӣ ду маротиба – 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шуданд.

Қобили зикр аст, ки Сарқонуни Ҷумҳурии Тоқикистон дар радифи даҳ сарқонуни ҷаҳон аз ҳама одилонаву демократӣ ва дурандешонаву хайрхоҳона маҳсуб меёбад, агарчи дар ҷараёни ҷанги шаҳрвандӣ қабул шуда бошад ҳам, самараи онро дар ин бисту чор соли истиқлолият дида истодаем.

Ҳаёти сиёсии даврони истиқлол ва шароити хоси ҷаҳонӣ маҳз ҳаминро талаб менамуд, ки яккаҳизбии даврони Шӯравӣ аз байн бурда шавад ва дар кишвар гуногунҳизбӣ, ки хоси ҷомеаи демократист, арзи вуҷуд намояд. Аз ин рӯ, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳафт ҳизби сиёсӣ ва шумораи зиёди иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ амал мекунанд ва барои пешрафти ҷанбаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа саҳми босазои худро гузошта истодаанд, – иброз намуд Тоҳир Каримзода.

Сипас мудири Шуъбаи таҳлил ва маълумотдиҳї Лайло Аҳмадова мухтассар дар бораи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, арз намуданд, ки Сарқонун яке аз нишонаҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ таҷзияи ҳокимият ба шохаҳо мебошад ва мувофиқи моддаи нуҳуми Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатии кишвар ба ҳокимияти қонунбарор, иҷроия ва судӣ тақсим шуда ва ҳамчунин дар моддаҳо ва бобҳои алоҳида дар мавриди сохтор ва самтҳои асосии фаъолияти шохаҳои ҳокимият зикр шудааст.

Дар боби дувуми Конститутсияи ҷумҳурӣ мавқеи асосиро ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ташкил медиҳад. Зикр кардан ба маврид аст, ки 34 моддаи он ва ё аз се як ҳиссаи Конститутсия ба ин мавзӯъ бахшида шудааст. Махсусан, аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ он пас аз тағйиру иловаҳое, ки 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба Конститутсия ворид гардиданд, онро такмил дода, пурратар сохтанд. Хусусан, дар моддаи панҷуми он тағйири куллӣ анҷом гирифт, ки бар асоси он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф шуданд. Воқеан, меъёрҳои мазкур ифодагари мазмуну моҳияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва меҳвари асосии Конститутсияи кишвар ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, ин санад барои мардуми мо санади тақдирсоз аст ва ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ онро азизу муқаддас меҳисобад.

Дар шароити кунунӣ, қабл аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия кардани мардум ва ба ин роҳ ҳидоят намудани онҳо вазифаи аввалиндараҷаи тамоми сохторҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ба таври умумӣ метавон баён кард, ки дар Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои байналмилалӣ ва фарҳанги оламшумули динию суннатии мо, иродаи кулли тоҷику тоҷикистониён ба таври мушаххас ифода ёфтаанд ва ин шахсони мутасаддиро водор месозад, ки меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳоро комилан риоя намоянд.

Дар фарҷом, Тоҳир Каримзода кормандони Хадамотро ба муносибати 21-умин солгарди Конситутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, ба ҳама хонаи обод ва саломатии бардавом орзу намуд.

                        Анвар Юсупов
    хабарнигори рӯзномаи «Шуғл ва Муҳоҷират».