Шоми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сочи бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуд.

641 просмотров

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба вазъи минтақа ва рушди муносибатҳои дӯстӣ ва густариши ҳамкории судбахш баррасӣ шуд.  Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳри Сочи хайра мақдам гуфта, ба савия ва муҳтавои робитаҳои ду кишвар, ки ба муносибатҳои стратегӣ ва муттафиқӣ асос ёфтаанд, баҳои баланд дод.  Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат бо Владимир Путин изҳор дошт: «Мо ба сатҳи муносиботи байнидавлатӣ бо Русия баҳои баланд медиҳем ва аз тамоми имконот истифода мебарем, ки шарикии стратегӣ ва муттафиқии мо бемайлон рушд намуда, бо такя ба таҷрибаи ҳамгироии андӯхтаамон таҳким ёбад».  Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин таъкид дошт, ки «авзои зуд тағйирёбандаи ҷаҳон ва минтақаи мо ҳамгироии самарабахшро тақозо мекунад».  Дар робита ба ин ҳолат, доир ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи низомиву техникӣ ва роҳҳои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.  Ҳамчунин доир ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ ва роҳҳои саҳл намудани шароити кору зиндагии муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар қаламрави Русия табодули назар карда шуд.

12-уми октябри соли равон, дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Маҷлиси ҳайати мушовара оид ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар 9 моҳи соли ҷорӣ ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид.

Дар он муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҶТ Нурулло Маҳмадуллозода, Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода, муовинони сардори Хадамот Муқим Ниёзов ва Толибҷон Шарипов, инчунин сардорон ва муовинони раёсатҳо, шӯъбаҳо ва сохторҳои зертобеи он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин роҳбарияти Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкуни дар хориҷа” ва сардори раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорат иштирок намуданд.

Нахуст, Сардори Хадамот Тоҳир Каримзода иштирокунандагонро муаррифӣ намуда, ба кори ҷаласа оғоз бахшид.

Сипас, муовини якуми сардори Хадамоти муҳоҷират Муқим Ниёзов бо маърӯзаи ҳисоботӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Хадамот дар нӯҳмоҳаи соли равон баромад намуда иброз дошт, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Хадамот дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори вазорат ҷиҳати таҳкими санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муҳоҷирати аҳолӣ як қатор корҳо ба сомон расонида шуданд. Аз ҷумла, дар ин давра, 5 лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2015 – 2020», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2009, №47», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2009, №430», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, №378” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, №529” таҳия гардида, қарорҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.

Хадамот бо мақсади инкишофи минбаъдаи соҳаҳои хоҷагии халқ, аз худ намудани заминҳои бекорхобида ва даштҳои нокорам, эҳё ва рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, бо дар назардошти бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ дар дохили кишвар зиёдтар таъмин намудани сокинон бо ҷойи кор ва мусоидат намудан ба паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, дар асоси пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2016-2018» таҳия намуда, баъди мувофиқа бо возарату идораҳои дахлдор ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.

Илова бар ин, бо мақсади таҳияи лоиҳаи нави Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2016 – 2020 бо фармоиши Вазир гурӯҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисони вазорат ва сохторҳои он таъсис дода шуд. Айни замон аз ҷониби Хадамот варианти аввали лоиҳа барои барраси ба Гурӯҳи корӣ пешниҳод карда шуда, кор дар ин самт идома дорад.

Бояд қайд намуд, ки 4 марти соли 2015 дар шаҳри Москва ҷаласаи навбатии 13-уми Комиссия оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барпо гардид. Дар кори ҷаласа ҳайати расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок намуда, доир ба расмигардонии будубош ва фаъолияти кории муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳуқуқвайронкунии ночиз роҳ додаанд, тамдид (дароз) намудани фаъолияти корӣ тавассути Патент то се сол, эътироф гардидани ҳуҷҷатҳои муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия ва зиёда аз 30 рӯз давом додани муҳлати супоридани ҳуҷҷатҳо ба мақомоти дахлдори Федератсияи Россия ва сохторҳои он, инчунин мушкилоти гирифтани Патент масъалагузорӣ карда шуд.

28 майи соли 2015 ҷаласаи даҳуми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Россия оид ба татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004, дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Бояд зикр кард, ки дар ҷаласаи мазкур тибқи Рӯзномаи тасдиқгардида раванди иҷрои қарорҳои ҷаласаи нуҳуми гурӯҳи кории мазкур ва вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ муҳокима гардида, як қатор масъалаҳо аз ҷумла, ҷараёни таҳияи 4 адад лоиҳаҳои созишномаҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба реадмиссия ва протокол дар бораи тартиби иҷрои он, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират, оид ба таъминоти иҷтимоӣ (суғуртаи нафақавӣ), оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба амалбарории фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

Тарафҳо рафти корҳо вобаста ба лоиҳаҳои Созишномаҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия баррасӣ намуда, қарор дар бораи тезонидани корҳо дар самти ба имзо расонии лоиҳаҳои мазкур қарор қабул намуданд.
Вобаста ба таъминоти иҷтимоии (суғуртаи нафақавӣ) муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони Тарафҳо қарор намуданд, ки то поёни соли 2015 машварати коршиносонро ҷиҳати коркарди лоиҳаи Созишнома барпо намоянд ва корҳои омодагиро барои баимзорасонии он ҳарчӣ зудтар ба роҳ монанд.

Инчунин, Тарафҳо ҷиҳати коркарди механизми татбиқи муқаррароти моддаи 10 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тарафҳо аз 16 октябри соли 2004, ки эътирофи маълумотномаҳои тиббӣ дар қаламрави давлатҳои якдигарро муқаррар менамояд, қарор қабул намуданд.

Пешниҳодоти дигари ҷониби Тоҷикистон дар хусуси гузаронидани корҳои иловагӣ ҷиҳати иттилосозии зерсохторҳои мақомоти дахлдор дар минтақаҳои Федератсияи Россия алалхусус, дар бораи эътибори муқаррароти Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004, ки имкони тамдиди муҳлати иҷозатнома барои корро барои шаҳрвандони Тарафҳо то се сол пешбинӣ менамояд, ба Протоколи ҷаласа ворид карда шуд.

Инчунин ҷониби Тоҷикистон уҳдадор гардид, ки лоиҳаи Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004 – ро бо назардошти тамдиди муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гирифтани иҷозатномаи кор барои муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон то 90 рӯз омода ва пешниҳод менамояд.

Рӯзи 15 апрели соли 2015 дар шаҳри Москва Ҷаласаи 17-уми Шӯрои Роҳбарони мақомоти муҳоҷирати (СРМО) давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.

Дар рӯзномаи ҷаласаи мазкур 16 масъала, аз он ҷумла оиди вазъи муҳоҷират дар давлатҳои ИДМ, таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди иттилоотонии муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар, таҳияи созишномаҳои муштарак дар соҳаи муҳоҷират, принсипҳо ва механизми умумии ҷалби муташакилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор, омодасозии маълумоти умумӣ оид ба ҳуҷҷатҳои ғайрирасмии шаҳрвандони ИДМ, ҳолати ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласа инчунин нақшаи кории Шӯро барои нимсолаи дуюми соли 2015 тасдиқ карда шуд. Аз ҷониби Тоҷикистон ба нақшаи мазкур ва ба рӯзномаи ҷаласаи навбатӣ ( 18-ум) таклифҳо пешниҳод карда шуд.

Тибқи муқаррарот, ҷаласаи 11 -уми Гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Россия оид ба татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 октябри соли 2004) дар санаҳои 21 то 23 сентябри соли равон дар шаҳри Москва баргузор гардид. Дар ҷаласа Ҷонибҳо масъалаҳои муҳим оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ карор доданд ва масъалаҳои баррасишуда дар Протоколи ҷаласаи 11-уми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Россия дарҷ гардида ба имзо расонида шуд ва тибқи тартиби муқарраргардида бояд мавриди иҷро қарор дода шаванд.
Илова бар ин, дар ин давра бо мақсади таъмин намудани ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони ҶТ барои фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия ҷиҳати гирифтани сертификат оид ба донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои ҳуқуқи Федератсияи Россия 24 июли соли равон, Ёддошти тафоҳум (Меморандум) байни Хадамоти муҳоҷират ва Гуруҳи Ширкати «Второй дом» ба имзо расид.

Ёддошти тафоҳум имкон медиҳад, ки Тарафҳо ҳамкориро дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ густариш дода, муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд дар муддати кӯтоҳ ва бо нархи арзон соҳиби Сертификати забони русӣ шаванд. Инчунин, дар ширкати мазкур барои хоҳишмандон омӯзиши забони русӣ ройгон мебошад.

Ба ҳолати 1 сентябри соли 2015 аз ҷумҳурӣ 469575 нафар (дар соли 2014-538819 нафар) муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷ кишвар сафар намуданд,ки аз онҳо 417031 нафарашон мард (дар соли 2014-455192 нафар) ва 52544 нафарро зан (дар соли 2014-83627 нафар ) ташкил медиҳанд.

Муҳоҷирони меҳнатии кишвар дар ин муддат ба Федератсияи Россия – 460967 нафар, ва Қазоқистон – 6805 нафар сафар карданд.

Аз шумораи умумии бозгаштагон 278968 нафарашонро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳанд, ки аз онҳо 247444 нафарашонро мард ва 31524 нафарашонро зан ташкил медиҳад.

Солҳои охир бо мақсади ба танзимдарории муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия дар қонунгузории ин кишвар нисбати шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди ин давлат фаъолияти муваққатии меҳнатӣ менамоянд, як қатор талаботи нав ҷорӣ гардид.

Ин омил боиси рух додани ҳолатҳои зиёди ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби мо дар ин кишвар гардидааст. Аз ҷумла, мутобиқи маълумоти мақомоти дахлдори Федератсияи Россия зиёда аз 320 ҳазор нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вайронкунандагони қонунгузории Федератсияи Россия муайян шудаанд, ки баъди бозгашт ба Ватан дубора ворид гардидани онҳо ба ин давлати қабулкунанда ба муддати муайян манъ шудааст.

Дар ин робита барои саривақт огаҳ намудани муҳоҷирони меҳнатӣ аз талаботи нави қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират аз ҷониби сохторҳои Хадамот дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ба роҳ монда шуда, тавассути воситаи ахбори омма пайваста хабару гузоришҳо ва эълонҳо дар ин мавзуъ пахшу инъикос карда мешаванд.

Аз ҷумла, дар ин давра аз ҷониби кормандони масъули Раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти дахлдор бо аҳолӣ 767 вохурӣ ва суҳбатҳо бо ҷалби 65742 нафар гузаронида, масъалаи омодагӣ барои фаъолияти меҳнатӣ намуданро дар хориҷи кишвар ба аҳолӣ фаҳмониданд. Аз ҷумла дар ВМКБ 55 вохурӣ бо иштироки 5722 нафар, вилояти Суғд 97 вохурӣ бо иштироки 13327 нафар, вилояти Хатлон 238 вохурӣ бо иштироки 14123 нафар, шаҳри Душанбе 145 вохурӣ бо иштироки 9105 нафар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 218 вохурӣ бо иштироки 18465 нафар баргузор карда шуд.

Ҳадаф аз гузаронидани чунин вохӯриҳо ин пеш аз ҳама фаҳмонидани муқаррароти қонунҳои Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои будубош дар самти муҳоҷират, гирифтани шиносномаҳои хориҷӣ, гирифтани сертификат дар бораи донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои давлатӣ Федератсияи Россия, тартиби аз муоинаи тиббӣ гузаштани муҳоҷирони меҳнатӣ ва гирифтани Патент барои кор, роҳ надодан ба қонунвайронкунӣ, эҳтиёт аз бемориҳои эҳтимолии сироятӣ, эпидемиологӣ, расонидани кӯмакҳои молиявию маънавӣ ба аҳли оила, нигоҳ доштани оила ва пос доштани асолати он, инчунин риояи нангу номус ва одоби тоҷикона, арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ, миллию суннатӣ, баргузории ҷашнҳои давлатию миллӣ ва ғайра мебошад.

Дар давраи 9 моҳи соли 2015 ба Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он 74 521 нафар шаҳрвандон бо дархост муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо 69 015 -нафар шифоҳӣ, 605- нафар бо муроҷиати хаттӣ ва 4901- нафари онҳо бо телефони боварӣ муроҷиат намуданд.

Ҳангоми санҷиши шаҳрвандон пеш аз сафар ба Федератсияи Россия 29877 нафар шаҳрвандони кишвар, ки дар рӯйхати мамнӯъшудагон дар махзани маълумоти Хадамоти муҳоҷират мавҷуд буданд, онҳо аз сафари бебарор баргардонида шуданд.

Асосан муроҷиаткунандагон оиди масъалаҳои муайян намудани ҳолати беруншавӣ (депортатсия) аз Федератсияи Россия, қонунгузории кишвари кордиҳанда, оид ба гирифтани патент дар Федератсияи Россия, барқарор намудани ҳуҷҷатҳои гумшуда, кумаку ёрӣ расонидан барои ба Ватан баргаштани хешовандон ва ғайра муроҷиат менамоянд.

Айни ҳол рӯйхати шаҳрвандони сафарашон ба Федератсияи Россия манъгардида ба ҳолати 01 октябри соли 2015 ба тамоми зерсохторҳои Хадамоти муҳоҷират дастрас карда шудааст ва муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд, дар ҷои маҳали зисти хеш пеш аз ба Федератсияи Россия сафар намудан, аз санҷиш гузаранд.

Дар давраи ҳисоботӣ вобаста ба ҳолати иҷрои Фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2014, №189 дар бораи тасдиқ намудани “Тартиби фаъолияти гурӯҳҳои пилотӣ дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Кӯлоб, Хоруғ, Истаравшан, Конибодом, Қурғонтеппа, Норак, Варзоб, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Ёвон ва Рашт дар самти тайёр кардани касбҳои коргарӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълимии калонсолон” аз зерсохторҳои Хадамоти муҳоҷират маълумотҳои зарурӣ дастрас гардонида шуда, ба вазорат пешниҳод карда шуд.

Дар ин давра ҳамкорӣ бо мақомоти зерсохтори Вазорат ҷиҳати ташкили касбомӯзӣ ва забономӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ беҳтар гардида дар нақша ва барномаҳои таълимии курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбҳои коргарӣ миқдори муайяни соатҳои дарсӣ барои омӯзиши забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия ворид карда шудааст. Дар муассисаҳои касбӣ-техникии шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав ва Рашт шаҳрвандон ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия ҷалб карда шуданд. Дар Литсеи касбии техникии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Литсеи касбии саноати кишоварзии ноҳияи Конибодом, Литсеи касбии техникии шаҳри Қӯрғонтеппа, Литсеи касбии металлургии шаҳри Турсунзода, Литсеи касбии техникии сохтмони шаҳри Кӯлоб ва литсеи касбии техникии ноҳияи Ёвон омӯзиши доимии забони русӣ ташкил карда шудааст.

Инчунин дар филиалу намояндагиҳои Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон”-и вазорат низ курсҳои болозикр таъсис дода шудаанд.

Ба муассисаҳои таълими касбӣ фиттаҳо бо сабти омӯзиши фанҳои “Забони русӣ”, “Асосҳои қонунгузории Федератсия Россия дар самти муҳоҷират” ва “Таърихи Россия” дастрас карда шуданд, ки феълан дар раванди таълими касбӣ мавридӣ истифода қарор доранд.

Қайд намудан зарур аст, ки барномаи таълимӣ ва омӯзиши забони русӣ бо барномаи таълимии Федератсияи Россия, ки барои дониши базавии муҳоҷирон омода гардидааст, мутобиқ карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Филиали ДДМ ба номи Ломоносов ва аз тарафи Филиали Донишкадаи энергетикаи ш. Москва дар ш. Душанбе ба 309 441 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Сертификат оиди донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия дода шудааст.

Дар ин давра аз гузаргоҳҳои сарҳадии Федератсияи Россия–3365 (1248) нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ-муҳоҷирони меҳнатӣ барои дар руйхати маҳдудшудагон буданашон, бозпас гардонида шудаанд.

Рузи 20 майи соли ҷорӣ вохӯрии Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Т.А. бо Роҳбари Номояндагии Хадамоти федералии муҳоҷирати Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркевич В.В. баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ масаъалаҳо вобаста ба мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон-муҳоҷирони меҳнатӣ, ки воридшавии онҳо ба каламрави Федератсияи Россия манъ шудааст, инчунин омодагии тарафҳо оид ба баргузории ҷаласаи 10 –уми гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Россия баррасӣ гардиданд.

Рӯзи 8 июни соли 2015 дар Хадамоти муҳочират мулоқоти Сардори Хадамоти муҳочирати Вазорати меҳнат, муҳочират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Точикистон Тоҳир Каримзода бо роҳбари Ассотсиатсияи халқҳои Урал Мирзоев Фарух ва директори генералии Маркази бисёрсамтаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Екатеринбург Анатолий Зирянов доир гардид.

Дар чараёни вохӯрӣ роҳҳои соддакунонӣ-қонунигардонии муҳочирони меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, ба хусус дар вилояти Свердловск мавриди муҳокима қарор дода шуд. Ҳамчунин, чонибҳо атрофи ташкил намудани Маркази супоридани тест (имтиҳон) аз забони русӣ, таърих ва асосоҳои қонунгузории Федератсия Россия, бақайдгирӣ, суғуртаи ичтимоии муҳочирони меҳнатӣ, аз ташхиси тиббӣ гузаштани муҳоҷирон ва гирифтани Патент табодули афкор намуданд.

19 июни соли равон дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносоии Сардори Хадамот Каримзода Т. бо Намояндаи Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират(МОМ) дар шаҳри Москваи ФР Павел Шалюс баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ дурнамои ҳамкориҳои Хадамоти муҳоҷират бо Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират (МОМ) мавриди муҳокима қарор дода шуда, ҳамчунин Намояндаи Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират (МОМ) Павел Шалюс аз фаъолияти бахши қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ Раёсати муҳоҷирати меҳнатии Хадамот дидан намуд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз 43 субъекти хоҷагидор, ки дорои иҷозат (литсензия)-и интиқоли муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи кишвар мебошанд, танҳо 14 субъект нисбатан фаъолтар мебошанд. Аз сабаби фаъолияти амалӣ надоштан аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират ба 23 субъект мактуб ҷиҳати бозпас гардонидани иҷозат (литсензия) ирсол карда шуд. Тибқи маълумотҳои пешниҳодгардида дар ин давра аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор ба хориҷи кишвар ҳамагӣ 125 нафар муҳоҷири меҳнатӣ (соли 2014-923) интиқол дода шудааст.
Дар 9 моҳи соли равон ба 9286 нафар шаҳрвандони хориҷӣ иҷозат барои амалӣ намудани фаъолияти корӣ дода шудааст.

Дар ин давра дар ташкилоту муасисаҳое, ки ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ машғул буданд, 35896 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи кор таъмин гардиданд.
Марҳилаи якуми амалиёти «Нелегал-2015» аз 11 май то 29 майи соли ҷорӣ мутобиқи нақшаи чорабиниҳои Ситоди миллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд, ки мақсад аз он пешгирии роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ва ба ин восита ошкор намудани фаъолияти гуруҳҳо ва ташкилоту корхонаҳое, ки ба муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламравӣ ҷумҳурӣ машғуланд, мансуб меёбад.

Ҳангоми гузаронидани ин амалиёт дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 10041-нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд мавриди санҷиш қарор дода шуда, ҳамзамон 6152 хонаҳои истиқоматӣ, 103 объектҳои сохтмонӣ, 77 объектҳои саноатӣ, 162 меҳмонхона, 45 хобгоҳ, 139 нуқтаҳои савдо (бозорҳо, марказҳои савдо,тарабхонаҳо) ва 179 ширкатҳо, ки дар онҳо шаҳрвандони хориҷӣ кору фаъолият менамоянд, аз назар гузаронида шуд.

Баргузории марҳилаи дуюми амалиёти «Нелегал-2015» аз 22 сентябр то 10 октябри соли ҷорӣ дар назар дошта шудааст. Дар ин самт корҳо идома дорад.

Бояд қайд кард, ки айни замон 83 ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангӣ ва диаспораҳои тоҷикон ба таври расмӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, 2 ташкилоти ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Украина ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон фаъолият доранд.

Хадамоти муҳоҷират бо мақсади танзими масъалаҳои муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби табиӣ ба мавзеъҳои бехавф кӯчонидани аҳолӣ, аз минтақаи зериобмонии Нерӯгоҳи барқии обии Роғун кӯчонидани аҳолии шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод, инчунин ҷиҳати муайян намудани дурнамои муҳоҷирати дохилии аҳолӣ, банақшагирӣ ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта, аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ кӯчонидани муҳоҷирони дохилӣ, беҳтар гардидани инфрасохтори деҳот, рушди соҳаҳои хоҷагии қишлоқ ва паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои саривақтии қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ тадбирҳои амалӣ андешида аз аввали соли ҷорӣ як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст.

Муҳоҷирати дохилӣ: Дар нуҳ моҳи соли 2015 кор дар ин самт асосан ҷиҳати иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, №677 «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2013-2015» ва аз 28 июли соли 2009, №430 «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ҳудуди ноҳияи Ҷиргатол ва ноҳияҳои минтақаи Рашт ба мавзеи Лахши ноҳияи Ҷиргатол» ба роҳ монда шудааст.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, №677 соли 2015 бояд дар ҷумҳурӣ 481 оила ихтиёрӣ кӯчонида шаванд; аз ҷумла: дар вилояти Хатлон – 227 оила, вилояти – Суғд 86 оила ва НТҶ 168 – оила.

Ба ҳолати 30 сентябри соли равон дар ҷумҳурӣ ба 459 оилаи муҳоҷирони дохилӣ қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҷудо гардида ва муҳоҷирон дар мавзеъҳои нави зист ба қайд гирифта шудаанд, ки ин 96%-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад, аз ҷумла дар вилоятҳои Хатлон 205 оила, Суғд 86 оила ва НТҶ 168 оила.

Мутаассифона, сари вақт иҷро нагардидани вазифаҳои ба зимадоштаашон аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор иҷроиши қарори мазкурро ба таъхир андохта, сабаби бозгашти муҳоҷирон ба ҷойи зисти пештарашон мегардад.

Хадамоти муҳоҷират новобаста аз душвориҳои ҷойдошта, бо мақсади танзими раванди муҳоҷират, ҷустуҷӯи бозори иловагии меҳнат, баланд бардоштани сатҳи касбомӯзӣ, забономӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ, омӯзиши тағйиротҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия оиди будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин кишвар, вусъати равобит бо диаспораҳо, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби онҳо ба рушди иқтисодиёти мамлакат корҳои ташкилӣ, иттилоотӣ-фаҳмондадиҳро вусъат дода, назорати риояи қонунгузории миллиро аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ ба роҳ монда, ҷиҳати танзими масъалаҳои муҳоҷират чораҳои амалӣ ба сомон мерасонад.

Сипас, ҳисоботи сардорони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ, Суғду Хатлон, инчунин, раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират оид ба фаъолияти нуҳмоҳа ва камбудиҳои ҷойдошта шунида шуд.

Дар фарҷом муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғлиаҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода дар бораи мушкилот ва ҳалли проблемаҳои ҷойдошта дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, дурнамо ва ояндаи фаъолияти сохторҳои Хадамот ибрози ақида намуда ба ҳозирин супоришҳои мушаххас дод.

Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода ҷиҳати пурзур намудани самтҳои фаъолият кормандонро вазифадор намуд.

Анвар Юсупов
хабарнигори рӯзномаи “Шуғл ва Муҳоҷират”.