Ҳамкориҳои судманд бо ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ!

556 просмотров

11 сентябри соли равон Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Тоҳир Каримзода Роҳбари ташкилоти байни минтақавии «Ҳифзи ҳуқуқи тоҷикистониён»-и Новосибирски Федератсияи Россия Исроил Шариповро ба ҳузур пазируфт.

Зимни вохӯрӣ Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода иброз намуд, ки Хадамоти муҳоҷират ҳамеша омодааст, ҳамкориро бо ҷамъиятҳои тоҷикони минтақаи Россия боз ҳам мустаҳкам намояд. Ӯ арз намуд, ки айни замон дар Федератсияи Россия 83 ҷамъиятҳои тоҷикон кору фаъолият менамоянд, ки Хадамоти муҳоҷират бо ҳар кадоми онҳо ҳамкориҳои судманд дорад.

Тоҳир Каримзода ибрози ақида намуданд, ки ӯ омодааст бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони Россия вохӯриҳои шиносоӣ баргузор намуда, аз фаъолияти онҳо бохабар бошад. Мақсади мо яктост, ҳар чӣ бештар кӯмак расонидан ба шаҳрвандони мо, ки барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия равона мешаванд, – гуфт Каримзода.

Дар навбати худ, Роҳбари ташкилоти байни минтақавии «Ҳифзи ҳуқуқи тоҷикистониён»-и Новосибирски Федератсияи Россия Исроил Шарипов барои пазироӣ ба Сардори Хадамот арзи сипос намуда, мухтассар дар бораи фаъолияти ташкилоти худ маълумот пешниҳод намуд. Ӯ қайд намуд, ки бо кӯмаки ташкилоти онҳо зиёда аз ду ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон соҳиби Сертификат гардидаанд. Айни замон кор дар ин самт идома дорад.

Ба ғайр аз ин, Исроил Шарипов арз намуд, ки ташкилоти онҳо ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар минтақаи вилояти Новосибирск кору фаъолият доранд кумакӣ ҳуқуқӣ расонида истодаанд. Ин имконият медиҳад, ки шаҳрвандони мамлакат бе ягон мамоният дар ин минтақаи Россия зиндагӣ ва фаъолият намоянд.

Дар фарҷом тарафайн ба хулосае омаданд, ки ҳамкориро дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ пурзур намуда, чунин вохӯриҳои судмандро бештар намоянд.

Анвар Юсупов
хабарнигори рӯзномаи «Шуғл ва муҳоҷират»