Истиқлолият: Зарурат, дарк ва масъулият

1,483 просмотров

Сари мафҳуми муқаддаси истиқлолият ва калимаҳои ҳаммаънои он аз қабили озодӣ ва мустақилият мутафаккирон ҳазорон сол боз андешаҳои доираи ин баҳси басо муҳим ва барои ҳама давраҳо зарурӣ фарохтар гашта истодааст.

Аз нигоҳи истиқлолияти мардумон бо фарогирии тамоми миллатҳои як давлат ва давлатҳо зарурат ба истиқлолият, албатта, афзалияти бештар дошта, агарчӣ давлатҳои муосир аксаран ба номи миллатҳои зиётари онҳо унвонгузорӣ шудаанд, аммо ин маънои кам кардани қадру имтиёз ва озодии дигар миллатҳоро надорад ва бояд ҳамагон худро шаҳрванди сокини давлат донанд ва бо ифтихор номи ватани худро гиранд (Тоҷикистон, Россия, Олмон, Амрико ва ғ…). Агарчӣ давлатҳои миллӣ дар амалӣ намудани ормонҳои миллӣ ҳастанд.

Истиқлолият осон ба даст намеояд, истиқлолият ба ҳама насиб намешавад, истиқлолият ноне нест, ки касе онро пухта диҳад, истиқлолият талошҳо, мубориза, ҷонбозиҳо, нотарсию далериро меписандад ва баробари ба он зарурат пайдо кардану дарки он, боз масъалаи нав ба нав пеш меояд, аммо дар ин миён масъулият мафҳуми муқаддасӣ дигар ҷойгоҳи хосро касб кардааст. Маҳз ҳамин масъулияту масъулиятшиносӣ ҳидоятгари истиқлолият мегардад. Аммо масъулият бояд воқеи, табиӣ ва ҳамагонӣ бошад.

Масъулиятро метавон яке аз муҳимтарин омил ҳисобид, ки истиқлолиятро қудрат мебахшаад. Яъне агар ҳар нафар дар кори худ, дар хонаю кӯча масъулиятшинос бошад, корҳо хубтар, ҷомеа пешрафта ва давлат нерӯманд гашта, ватан ободу зебо мегардад.

Тоҷикистон аллакай соҳибистиқлол гашта, дар ҷаҳон ҳамчун субъекти сиёсӣ шинохта шуда, пеш аз бо 150 давлати хориҷӣ робитаи дипломатӣ дорад, равобити ҳамаҷонибааш тақвият ёфта истодааст.

Мардум рўзҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандиро дар ибтидои замоми истиқлолӣ дида, азобҳои зиёдеро аз сар гузаронид ва хушбахтона, ба рўзҳои саид низ расид. Зарурату дарки озод будан, мустақилона дар фазои ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ зистанро ба хубӣ фаҳмид ва донист, ки ҳамагуна мушкилот танҳо дар гузашту ва ҳам ёри расонидан тезтар ва ба ҳам мувофиқ ҳал мегардад, ки намунаи олии он давра ба даст овардани ваҳдати миллӣ дар соли 1997-ум буд.

Ҳамин тавр, истиқлолият бо паҳлўҳои худ аз қабили зарурату дарк ва масъулият бо шакли зебо ҷилва мекунад, зеби дигар мегирад ва дар воқеият дастовардҳо насиби ҳамагон мешавад. Нақшаҳо амалӣ шуда истодаанд ва истиқлолият бо нерўи нави ин давлати ҷавон, ки номаш «Тоҷикистон» мебошад, рў ба фардои рахшон аст.

                                                                               Зарина Каримова

                                    мутахассиси Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ,

                                             робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзӣ