Пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароёна

1,592 просмотров

Як ҳамоиши навбатӣ бо кормандони бозори «Варзоб-»-и ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе, дар мавзӯи «Корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароёна миёни ҷавонзанону духтарон» баргузор гардид.

Дар он намояндагони Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, шӯъбаҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе, роҳбарияти бозор, соҳибкорони инфиродӣ ва шаҳрвандони ба бозор ташриф оварда  иштирок доштанд.  Дар ҳамоиш зиёда аз 100 нафар шаҳрвандон ширкат намуданд.

Зимни баргузории вохурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароёна миёни ҷавонзанону духтарон инчунин мактуби Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе  ба раисони шаҳраку  маҳаллаҳои ноҳияи И. Сомонии  шаҳри Душанбе бо мақсади кӯмак ба муҳоҷирони меҳнатие, ки  рафтуомадашон ба Федератсияи Русия манъ гардидаасту хоҳиши дар ташкилоту муассисаҳои пойтахт кор карданро доранд, мехоҳанд дар кишварҳои дигари будубош фаъолият намоянд ё ба соҳибкории хурду миёна ва касбомӯзӣ машғул шаванд, дастрас карда шуд. Дар мактуб таъкид шудааст, ки онҳо ба Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ба суроғаи хиёбони Рӯдакӣ -37 муроҷиат намоянд.

Дар баробари ин, варақаҳои иттилоотии «Роҳхат. Маркази мусоидати ҳуқуқӣ ба муҳоҷирон», «Тартиби гирифтани патент барои кор дар Федератсияи Русия», «Тартиби гирифтани иҷозат барои кор ва патент», «Ёддошт ба муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Федератсияи Русия сафар менамоянд» ва китобчаи  «Как получить патент для работы в Российской Федерации», «Дастури кӯмакрасонӣ ҷиҳати бо кор таъмин намудани шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия» ва рӯзномаи «Шуғл ва муҳоҷират» дар байни иштирокчиён тақсим карда шуданд.

Дар ин вохӯрӣ кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе оид ба тағйиру иловаҳо дар самти  қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Русия маълумот ва ба саволҳои иштирокчиён посух доданд.

Беҳруз Каримов                                                                                                 

мутахассиси пешбарӣ Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва КВД «Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе»-и Раёсати ХМ дар шаҳри Душанбе