Қабули шаҳрвандон

1,521 просмотров

Имрӯзҳо кормандони Шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе серкоранд. Дар моҳи августи соли равон, Шуъба 1503 – нафар шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатиро қабул намуд, ки аз ин шумора 1321 нафарашон мардҳо ва 182 нафарашонро занҳо ташкил медиҳад.

Аз шумораи умумии қабулшудагон 439 нафарашон аз шаҳри Душанбе мебошанд, ки 368 нафарашон мардҳо ва 71 нафарашонро занҳо мебошанд. Ҳамзамон ба ҳар як шаҳрвандони қабулгардида барои омодаи сафар ба Федератсияи Россия маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода, ҳар яки онҳо таъкид карда мешаванд, ки бо наздикони худ қонунгузориҳои нави ФР дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ қабулгардидаро фаҳмонида диҳанд.

Руйхати муҳоҷирони меҳнатие, ки воридшавиашон ба Федератсияи Россия муваққатан қатъ шудааст, ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе барои бо кор таъмин намудан ирсол гардид. Инчунин, ба шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатие, ки касб надоранд, ба Маркази таълими калонсолон тавсия дода шуданд, ва ба ҳар яки онҳо рузномаи «Шуғл ва муҳоҷират» ва китобчаи «Патент гир» тақдим карда шуд.

 

                                                                     Н.  Раҷабов

                                               сардори Шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ

                                                                      ба муҳоҷирони меҳнатӣ

                                                                        РХ дар шаҳри Душанбе