Аёдати пиронсолону маъюбон

1,551 просмотров

Дар асоси Ҷадвали баргузории чорабиниҳои аёдатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба Иди саиди Қурбон ва Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6 сентябри соли равон аз ҷониби сарпарастон – шуъбаи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва ҶДММ КМ «Ҷавонӣ» дар ҳамҷоягӣ бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар муассисаи давлатии «Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд» чорабинии фарҳангию-фароғатӣ ташкил карда шуд.

Барои табрики бошандагони марказ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд З. Шарифӣ, мудири шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд М. Саторова, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд З. Бобоева ҳамчун шахсони расмӣ дар чорабинӣ иштирок намуда, онҳоро ба муносибати идҳо табрику муборакбод гуфтанд.

Аз ҷониби сарпарасти доимии марказ дастурхони идона ташкил гардид. Ҳамзамон барои болида сохтани хотири бошандагони муассиса аз ҷониби ситораҳои санъати вилоят Ҳасани Камол, Шерози Камол, Абдулло Холматов, Аловиддин ва Ҳилолиддин Шамсиевҳо ва дастпарварони факултаи санъати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барномаи калони консертӣ намоиш дода шуд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ маъмурияти муассиса аз номи аёдатшудагон барои ғамхорию дастгирии доимиашон ба унвони Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд  миннатдорӣ баён кард.

                                                                     Раёсати ХМ дар вилояти Суғд