Мониторинги раванди муҳоҷирати экологӣ

1,449 просмотров

Бо ташаббуси Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт давоми моҳи август мониторинги раванди муҳоҷирати экологӣ гузаронида шуд. Дар рафти он маълум гардид, ки давоми солҳои 2016 – 2017 мувофиқи нақшаи тасдиқгардида 9 оила аз деҳаҳои Кулихоҷа ва Ифтихори Ҷамоати шаҳраки Шайдон ва деҳаи Ғудоси Ҷамоати деҳоти Ошоба ба ҷойҳои бехавф кӯчонида мешаванд.

Баъди пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳои ин оилаҳо ва тасдиқ гардидани нақшаи муҳоҷират тавассути филиали Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба ҳар як оила дар ҳаҷми 3000 сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шуд. Ҳамзамон онҳо аз кӯмакпулӣ (ба ҳар нафар сарвари оила – 100 сомонӣ, ба ҳар нафар аъзои оила 50 сомонӣ) барои сохтмони манзил баҳравар шуданд.

Мониторинг нишон дод, ки ин маблағҳо мақсаднок истифода бурда шудаанд. Аз шумораи умумии муҳоҷирони экологӣ 2 оила манзили зисташонро пурра сохта, ҳоло дар он зиндагӣ доранд. Дар ин радиф 2 оила девори хонаҳоро бардошта, 2 оила таҳкурсӣ рехтаанд. Оилаи боқимонда сангу шағал ва дигар масолеҳи бинокориро захира карда, ҳоло дар тараддуди оғози сохтмон ҳастанд.

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт минбаъд низ раванди муҳоҷирати экологиро зери назорат қарор хоҳад дод.

Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                        дар ноҳияи Ашт