Қоидаҳои будубошро риоя намоед!

1,175 просмотров

Ҷамшед Ҳакимов, сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба Шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, пас аз санҷиши шиносномааш айён гардид, ки ў қоидаҳои будубошро вайрон намуда, аз тарафи мақомоти дахлдори Федератсияи Русия ба муҳлати се сол воридшавиаш ба ин давлат манъ гардидааст.

Бояд гуфт, ки ў аз соли 2014 инҷониб дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад. Пас аз бозгашт, хост бори дувум ба Федератсияи Русия сафар намояд. Мутаассифона баъди тафтиш маълум гардид, ки дар рўйхати манъшудагон сабт шудааст.

Корманди масъули Шуъба бо чанд саволе ба ў муроҷиат намуд:

Савол: Шумо  бо кумаки кӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтед?

Ҷавоб: Бо тавсияи бародарам ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудам.

Савол: Дар Федератсияи Русия ба ягон мушкилӣ дучор шудед ё на?

Ҷавоб:  Дар Федератсияи Русия ба ягон мушкилие дучор нашудам.

Савол: Шаҳрвандони кишвари будубош бо Шумо чӣ гуна муносибат доштанд?

Ҷавоб: Муносибаташон хуб буд, онҳо бароям кўмак мекарданд.

Савол: Музди меҳнат Шуморо қонеъ мекард ва онро пурра мегирифтед?

Ҷавоб: Бале, қонеъ мекард ва сари вақт музди меҳнатамро мегирифтам. Ҳолатҳое буд, ки барои кори иловагӣ музди меҳнат медоданд

Савол: Чӣ сабаб шуд, ки Шуморо ба маҳзанаи манъшудагон ворид намуданд?

Ҷавоб: Ин айби худам, ки воридам ба ин кишвар манъ гардид. Бояд маблаѓи пардохти патентро сари вақт иҷро мекардам, Ин яке аз сабабҳои асосие, ки роҳам ба ин кишвар муваққатан баста шуд.

Савол: Тавсияи Шумо ба муҳоҷирони меҳнатӣ?

Ҷавоб: Ба муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ гуфтаниам, ки зимни сафар ба кишвари Русия тибқи қонун кору фаъолият намоянд, онҳо ба ягон мушкилие дучор намешаванд.

 

                                                     Фирдавс Бозоров

                     сармутахассиси Шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба

                     муҳоҷирони меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                      дар шаҳри Душанбе