Гурўҳи таблиғотӣ: «Ҳамагон бояд дар иҷрои қонуни миллӣ саҳмгузор бошем!»

1,193 просмотров

Ҳамагон бояд дар пешрафти ҷомеаи навин, дар рўҳияи хештаншиносию худогоҳии миллӣ тарбия намудани фарзандон, расидан ба қадри сулҳу осоиштагӣ ва роҳ надодан ба исрофкорӣ саҳмгузор бошем.

Ин суханон зимни мулоқоти гурўҳи таблиғотӣ Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ҷиҳати фаҳмонидани шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ноҳияи Мурғоби ВМКБ ва Ҷамоатҳои деҳотӣ Аличур, Бердибоев, Ранкўл, Қизилрабат, Қарокул ва муассисаҳои таълимӣ бо омўзгорон ва хонандагон, сокинон баргузор гардид, садо доданд.

Роҳбари гурўҳ – сардори Шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозии маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Табаров доир ба моҳияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» изҳори назар карда, бештар ба баргузории тўйи хатнасур дар доираи оила, худнамоиву хурофотпарастии баъзе сокинон ва сарфаю сариштакорӣ таваҷҷўҳ намуд.

Ў дар бораи сатҳи зиндагии мардум дар тўли 26 соли Истиқлолияти давлатӣ сухан ронда, изҳори таассуф намуд, ки «то қабули қонуни мазкур мардум аксари маблағҳояшонро ба баргузории маросиму маъракаҳои оилавӣ сарф карда, ба исрофкорӣ роҳ медоданд. Вале дар муддати 10 соли қабули қонуни зикршуда дар ин самт сатҳу сифати зиндагии халқ хеле беҳтар гардид».

Сармутахассиси Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзӣ Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Наҷмиддин Тоҷиддинов зимни баромади хеш дар бораи моҳият ва нуктаҳои муҳими Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан гуфта, таъкид намуданд, ки қонуни миллӣ тавонист дар даҳ соли  амали худ то  андозаи муайян дар зиндагии мардум сарфакориро ҷорӣ намуда, дар самти камхарҷ баргузор кардани тӯю маъракаҳо роҳнамо шавад.

Ў қайд кард, ки ҳадафи асосии тағйиру иловаҳо ба Қонуни танзим, пеш аз ҳама, пешгирии зиёдаравӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва муҳайё намудани зиндагии шоиста барои онҳо мебошад. Ба ҳозирин ҷузъиёт ва банду моддаҳое, ки ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид шудаанд, ба таври мушаххас шарҳ дода шуд.

Мудири Шуъбаи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Маҳмадулло Наимов бошад оиди  масъалаҳои риояи фарҳанги либоспӯшӣ дар тӯю маросимҳои миллӣ, тақлид ба фарҳанги бегона, ба зиёдаравӣ роҳ надодани масъулин ҳангоми иҷрои корҳои вазифавӣ барои риояи қонуни зикршуда ва тарғиби унсурҳои фарҳанги миллати тоҷик суханронӣ намуданд.

Гурўҳи таблиғотӣ зимни вохўриҳо баён доштанд, ки қабули ду Қонуни миллӣ, яке Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигаре Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар кишварҳои минтақа ҳамто надорад ва имрӯз қонунгузорони ин давлатҳо кӯшиш доранд, ки чунин қонунҳои ба манфиати мардум қабулшударо дар қаламрави кишварашон амалӣ намоянд. Дар Қонуни нави танзим меъёрҳои нави қонунгузорӣ илова шудаанд, ки барои гузаронидани маъракаҳои шодиву хурсандӣ ва дафну азодорӣ сабукиҳоро пешбинӣ намудаанд.

Он хурофоте, ки бо мурури замон ба анъанаҳои мардумии бархе аз минтақаҳои мо дохил шуда, боиси серхарҷии аҳолӣ шуда буд, манъ карда шуда, тағйироти иловашуда танҳо ба манфиати буҷаи оилавии ҳар як сокини кишвар равона карда шудаанд.

                                                              Анвар Юсупов

                                        хабарнигори рўзномаи «Шуғл ва муҳоҷират»