Вохўрӣ бо муҳоҷирони экологӣ

1,232 просмотров

Гурӯҳи кории Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳайати муовини Сардори Раёсат, мудири Бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ дар ҳамҷоягӣ бо намояндаи Шуъбаи сохтмон ва меъмории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, муовини сарпарасти раиси ноҳия ва намояндагони Бахши меъморӣ ва шабакаҳои барқи ноҳияи Зафаробод 14 сентябр бо як гурӯҳ муҳоҷирони экологии ноҳияи Айнӣ мулоқот доир намуд.

Айни замон тиқби қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2009, №530 «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолии қобили меҳнат аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2010-2012» дар деҳаи Ҷавонии Ҷамоати деҳоти Ҷомӣ 26 оилаи муҳоҷирони экологӣ аз ноҳияи Айнӣ истиқомат менамоянд ва бунёди манзили зист аз ҷониби дигар муҳоҷирон идома дорад.

Баъди боздид аз маҳалли зисти муҳоҷирон ва сӯҳбат бо онҳо бори дигар масъалаи фароҳам овардани инфрасохторӣ зарурӣ барои муҳоҷирон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Роҳбарияти ноҳия тасмим гирифт, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта аз рӯи имконият чораҳои саривақтӣ меандешад.

Раёсати ХМ дар вилояти Суғд