Мулоқотҳо бо аҳли ҷомеа

1,299 просмотров

Давоми ҳафтаи равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мулоқоти гурӯҳҳои корӣ, ки ба ҳайати онҳо вакилони парлумон, кормандони масъули Ҳукумати ҷумҳурӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсиятҳои шинохта шомил буданд, бо аҳли ҷомеа ҷараён гирифт.

Мақсад аз ташкили чунин мулоқотҳо ба аҳли ҷомеа фаҳмонидани моҳияти тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», даъват намудани онҳо ба сарфаю сариштакорӣ, роҳ надодан ба исрофкорию худнамоӣ ва шунидани дархосту таклифҳои шаҳрвандон буд.

Мулоқоти чунин як гурӯҳ таҳти сарварии академик Кароматулло Олимов дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Истаравшан оғоз ёфта, чанд рӯз давом кард.

Аъзои гурӯҳ бо намояндагони табақаҳои мухталифи аҳолӣ, аз ҷумла хизматчиёни давлатӣ, кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, саноат, кишоварзӣ, сохтмон, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг ва ғайра вохӯрданд.

Ба ҳайси намояндаи МИҲД-и вилоят ба ин гурӯҳ Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд З. Шарифӣ шомил буд.

 

                                                                 Раёсати ХМ дар вилояти Суғд