Мардуми тоҷик меҳнатро дўст медорад

1,232 просмотров

Аҳмадҷон Мансуров, зодаи шаҳри Норак. Айни замон дар заводи шишабарории шаҳри Москва сантехник шуда кор мекунад.Маошаш қариб 50 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад. Ў мегуяд, тоҷикон мардуми меҳнатдўстанд.

Соли чорум аст, ки ў дар ин завод кор мекунад. Ҳамаи ҳуҷҷатҳояш дурустанд. Бемалол дар шаҳри Москва рафтуо мекунад. Агар кормандони ҳифзи ҳуқуқ ўро доранд, ҳуҷҷатҳои лозимаро ба онҳо нишон медиҳад. Аҳмадҷон  як чизро такроран қайд кард, ки мардуми тоҷик меҳнатдўстанд, ў вақти бекоргардӣ надорад ва бо корҳои ғайриқонунӣ машғул нестанд. Ҳоло ҳамроҳи ў 15 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон кор мекунанд, яке аз вилояти Хатлон, дигаре аз водии Ҳисор, сеюмин аз Бадахшон, ҳама аз як гиребон сарбароварда кор карда истодаанд.

Агар душворие, пеш ояд онҳо ба як дигар кўмак мекунанд. Роҳбарияти корхона ба мардуми тоҷик боварии калон дорад, чун ки муҳоҷирони мо хуб меҳнат мекунанд, ҳалолкоранд, ҳар супорише аз тарафи роҳбарият шавад сари вақт иҷро мекунанд.

Зариф Кабиров, иқоматкунандаи ноҳияи Рўдакӣ. Соли дуюм аст, ки ў дар шаҳри Тюмен дар яке аз ширкатҳои сохтмонӣ фаъолият мекунад. Ҳамроҳи ў зиёда аз 70 нафар тоҷикон низ кор мекунанд. Ду соле, ки онҳо ҳамроҳ кор карда истодаанд, ягон бор аз тарафи шаҳрвандони тоҷик қонунвайронкуниҳо ба қайд гирифта нашудааст. Ў гуфт, мо тоҷикон танҳо як чизро мехоҳем меҳнат кунему, маблағ ҷамъ намуда ба Ватан ба назди аҳли байти худ сиҳат ва саломат баргардем.

Аваз Юсуфов, сокини ноҳияи Ғарм.  Маротибаи дуюм аст, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад. Айни замон ў ба назди писари амакаш, ки дар яке аз бозорҳои шаҳри Екатеринбург бо савдои сарулибос машғул аст равона аст. Аваз қайд кард, ки як соле, ки дар ин шаҳр будам ва дар бозор савдо мекардам, аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ягон маротиба ҷазо нагирифтаам, чунки ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимаро дорам.

Дар ҳақиқат, баъди сўҳбатҳо бо мусофироне, ки аз Федератсияи Русия баргаштанду ё равонаанд, шаҳрвандони мо муҳоҷирони меҳнатӣ танҳо ба як мақсад ба ин кишвар мераванд, кору фаъолият намуда, маблағе ҷамъ намуда баъд ба зодгоҳи худ баргаштан аст.

Маъруф Баротов

сардори баст сармутахассиси Шуъбаи баҳисобгирӣ ва  хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-и Раёсати ХМ дар шаҳри Душанбе