Сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ

1,240 просмотров

22 сентябр аз қаламрави вилояти Суғд гурӯҳҳои навбатии муҳоҷирони меҳнатӣ тариқи субъектҳои хоҷагидор ба Федератсияи Русия сафарбар гардиданд.

Аз ҷумла, ҶС “Иттиҳодияи автовокзалҳо” 49 нафар муҳоҷирони меҳнатиро дар ҳайати 2 гурӯҳ ба шаҳрҳои Москва (16 нафар) ва Красноярск (33 нафар) сафарбар кард. Ин муҳоҷирони сафарбаргардида сокинони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон буда, мӯҳлати муҳоҷирати онҳо 1 сол пешбинӣ шудааст.

Дар ин радиф ҶДММ “Суғдиён Помир Тур” 14 нафар муҳоҷирони меҳнатиро ба шаҳри Оренбург ба муддати аз 3 то 8 моҳ сафарбар намуд.

 

                                                               Раёсати ХМ дар вилояти Суғд