Масъулиятнокии кормандони Шуъба дар фурудгоҳ дучанд шуд

1,087 просмотров

 

Ҳар субҳидам пеш аз оғози кор кормандони Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ва КВД “Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе”-и Раёсати ХМ дар ш.Душанбе оиди нақшаи кории ҳар баст сўҳбатҳо намуда аз пайи кори худ мешаванд. Ин тарзи корбарӣ ба онҳо имконият медиҳад, ки дар бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотонӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ ҳиссаи арзандаи худро гузоранд.

Ҳар субҳидам фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҳисоби мусофирон ва пешвозгирандагону хайрухушкунандагон сер одам аст. Қисми зиёди онро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳад.

Мусофирон яке корти муҳоҷирӣ пур кунад, дигаре дар тарозу боғоҷи худро месанҷад, бо хешутабори худ хайрухуш мекунад. Хулас, ҳама аз паси кори худ банданд.

Кормандони баст бо либоси ғайримуқаррарии сурх дар тан, ки дар пешу пасашон Хадамоти муҳоҷират навиштааст, бо муҳоҷирон ҳамсўҳбат мешаванд, тарзи пуркардани варақаи муҳоҷиратиро нишон медиҳанд, шиносномаи онҳоро аз назар гузаронида ба онҳо роҳи сафед таманно мекунанд.

Инҳо кормандони Шуъба Исмоил Бегаков, Шамшод Гулаҳмадов ва Шоҳин Баротов мебошанд. Ҳар яки онҳо бо як меҳрубонӣ бо шаҳрвандон сўҳбатҳо мегузаронанд, муомилаи хуби онҳо алакай ба хайрухушкунандагон хуш меояд. Онҳо мегуфтанд, хайрият, ки дар фурудгоҳи нав навоварӣ шудааст, бинед кормандони Хадамоти муҳоҷират чӣ хел хуб рафтор мекунанду ба мусофирон кумак менамоянд. Бояд ҳамеша ҳамин хел бошад.

Аслан гуфтаҳои шаҳрвандон асос дорад. Ин тарзи кор аз роҳбарияти Шуъба низ вобастагии калон дорад. Роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират аз кори онҳо қаноатбахш мебошанд. Дар навбати худ кормандони Шуъба саъю кўшиш намуда истодаанд, ки ҳар супорише, ки аз тарафи роҳбарияти Хадамот мешавад бечунучаро иҷро намоянд.

Алакай ин тарзи корбарӣ муждаи худро овард, пеш аз ҳама масъулиятнокии кормандони Шуъба дучанд гардид, онҳо бо ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки азми сафари кишвари Русия дорад дар алоҳидагӣ вохўрда тарзи рафтору кирдор дар кишвари қабулкунанда, тағйиру иловаҳо дар қонунгузории ФР, тарзи супоридани тестҳо, гирифтани Сертификат ва патенро фаҳмонида дастур медиҳанд, дар ин ҷода ҷиддӣ бошанд. Зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ҳангоми ворид шудан ба кишвари Русия бо ҳар гуна гурўҳҳои тундгароӣ ҳамроҳ нашаванд, аз миёнаравон худро канора гиранд ва ғайра сўҳбатҳо мегузаронанд.

Ба ғайр аз ин, ба ҳар яки онҳо ройгон буклетҳо дар ду забон русӣ-тоҷикӣ супорида мешавад.

 

Фаридун Раҳматов

корманди масъули Шуъбаи бахисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ва КВД “Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе”-и Раёсати ХМ дар ш.Душанбе