Вохўрии судманд дар маҳаллаи Барнои ноҳияи Шоҳмансур

1,166 просмотров

Кормандони масъули Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе дар маҳаллаи Барнои ноҳияи Шоҳмансур бо сокинони маҳалла вохўрии навбатӣ барпо намуданд. Дар ин ҳамоиш зиёда аз 60 нафар сокинон фаъолона иштирок варзиданд.

Зимни вохўрӣ ба ҳозирин мухтассар дар бораи фаъолияти Марказ маълумот пешниҳод карда шуд. Аз ҷумла, ба сокинони маҳалла гуфта шуд, ки Марказ муассисаи машваратӣ буда, фаъолияташро дар самти ташкилу расонидани машварат, омодасозӣ ва адаптатсияи муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба роҳ мемонад.

Ҳадафи асосии Марказ – ин расонидани ёрии амалӣ тавассути курсҳои машваратию таълимӣ ва кўмаки ташкиливу молиявӣ ба муҳоҷирони ватанӣ дар ду марҳилаи муҳоҷирти меҳнатӣ мебошад: инҳо пеш аз сафар – ташкили бақайдгирӣ, омўзондани забон, таърих, ойин, фарҳанг ва қонунгузории давлатҳои қабулкунанда муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин касбҳои зарурӣ, ҳамкорӣ бо литсейҳои касбӣ-техникии ҷумҳуриявӣ ва далавтҳои хориҷи кишвар ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ барои пешбурди фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва мусоидат барои бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатии бозгашта ва воридашон манъшуда дохили кишвар мебошад.

Ба ғайр аз ин, ба ҷамъомадагон фаҳмонида шуд, ки байни Муассисаи давлатии мухтори «Маркази захираҳои меҳнатии» Санкт – Петербург (Центр трудовых ресурсов) ва Маркази машваратӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи ҷалби муташакилонаи муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корхонаҳои Санкт – Петербурги Федератсияи Русия созишнома баста шудааст, ки мувофиқи он имтиҳони комплексӣ аз муҳоҷирони меҳнатӣ –шаҳрвандони ҷумҳурӣ тариқи Skaype дар низоми «online» дар бинои Марказ дар шаҳри Душанбе қабул карда мешавад. Баъди супоридани имтиҳон сертификати номбурда ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешавад. Ҳамзамон омўзиши муҳоҷирони меҳнатӣ ва омодагии муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони мамлакат пеш аз сафар ба хориҷи кишвар аз ҷониби Марказ ройгон ба роҳ монда шудааст.

Айни замон Марказ омодааст, як гурўҳ шаҳрвандони мамлакатро, ки соҳибкасбанд бо ҷойи кор дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Свердловски Федератсияи Русия таъмин намояд. Шахсоне, ки ба ин Марказ муроҷиат мекунанд, тариқи шабакаи Интернет бо корфармо суҳбат гузаронида, бо шарту шароити кор, музди меҳнат, зист ва таъмини иҷтимоӣ шиносоӣ пайдо мекунад.

Ба ғайр аз ин, аз ҷониби Марказ дар асоси Созишнома бо коллегияи адвакатҳои “Защитник”-и шаҳри Москваи Федератсияи Русия ба муҳоҷирони меҳнатӣ хизматрасонии ҳуқуқӣ, аз ҷумла ҳимояи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, мусоидат барои бекор кардани манъӣ воридшавӣ ба ФР, ситонидани карзи музди меҳнат аз корфармо расонида мешавад.

Шаҳрвандоне, ки нияти кор карданро дар шаҳрҳои номбаршуда доранд ба суроғаи МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» воқеъ дар кўчаи Айнӣ 121, шаҳри Душанбе, Хадамоти муҳоҷират бо телефонҳои:2250575, 888884300 дар тамос бошанд.

Чунин вохўриҳои судманд бо сокинони маҳаллаҳо дар дигар ноҳияҳои шаҳри Душанбе низ баргузор мегарданд.

                                                                          Анвар Юсупов

                                                     хабарнигори рўзномаи “Шуғл ва муҳоҷират”