Муҳоҷирони меҳнатӣ: қонуни танзим моро аз бори нангу номуси дурӯғини тақлид ба ҳамсояи сарватманд озод кард

1,197 просмотров

Имрӯзҳо ҳайати кории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раънохон Бобоҷониён бо мақсади аз наздик шинос шудан бо кору зиндагии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Федератсияи Россия қарор дорад.

Тавре аз  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон хабар доданд, ба ҳайат раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода низ шомил аст. Аъзои ҳайат бо муҳоҷирони тоҷик дар бозорҳо, нуқтаҳои савдо, ибодатгоҳ ва дигар мавзеъҳое, ки муҳоҷирони тоҷик фаъолият ва зиндагӣ менамоянд, суҳбату вохӯриҳо баргузор намуд. Дар вохӯриҳо зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз меҳнату талошҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ёдовар гашта, қадр намудани заҳмати онҳоро таъкид месозанд ва дар мулоқоти охире, ки бо Президенти Федератсияи Россия доштанд, масъалаи беҳтар намудани шароити будубоши муҳоҷирони тоҷикро матраҳ сохта, дар ин самт ба муваффақиятҳои назаррас ноил шуданд.

Абдулло Раҳмонзода зимни вохӯриҳо муҳоҷиронро аз вазъияти кунунии геополитикӣ, ҷавононро ба доми худ кашидани гурӯҳҳои манфиатхоҳи террористиву экстремистӣ, ҳодисаву воқеаҳои даҳшатборе, ки дар ҷаҳон дар пайи ихтилофоти диниву мазҳабӣ ба вуҷуд омада истодаанд, огоҳ намуда, ҳамзамон онҳоро ба ватандӯстиву садоқат ба арзишҳои давлатдорӣ даъват намуд. Дар ин радиф бо муҳоҷирон оид ба равандҳои сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон суҳбат намуда, моҳияти тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» воридшударо шарҳ дод. Ғайр аз ин аз муҳоҷирон даъват ба амал оварда шуд, ки қонунҳои Федератсияи Россияро риоя намуда, дар ҳар гуна гирдиҳамоиҳову дасисаҳо иштирок накунанд.

Муҳоҷирон меҳнатӣ, ки дар симои ин ҳамватанон порае аз Ватан ва хешу ақрабои худро дида буданд, аз ин вохӯриҳо самимона истиқбол намуданд. Тавре муҳоҷирон зикр намуданд, ҳарчанд онҳо дар муҳоҷиратанд, аммо меҳру муҳаббаташон ба Ватан кам нагаштааст. Онҳо бо чашми сар ҳолу аҳволи шахсони гумроҳшударо, ки ба доми гурӯҳҳои ифротӣ афтида, ба Сурияву Ироқ рафта буданд, диданд ва мутмаинанд, ки бадхоҳони давлату миллат онҳоро гумроҳ карда наметавонанд. Зеро ҳеҷ кас инкор карда наметавонад, ки Тоҷикистон таҳти сарварии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускор шинохта шудааст.

Муҳоҷирон иброз доштанд, ки тағйиру иловаҳои воридшуда ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шояд аз ҳама бештар ба манфиати онҳо бошанд. Зеро баъзан мешуд, ки маблағи заҳмати яксолаву дусолаи онҳо дар як маърака харҷ шуда, боз барои чипта харидану дубора ба Россия ба кор рафтан маблағ қарз мекарданд. Бо шарофати ин қонун дигар аз бори нангу номуси дурӯғини тақлид ба ҳамсояву хешу табори сарватмандашон озод шуда, бо меҳнати ҳалоли худ фарзандонашонро дар роҳи илмомӯзиву маърифатмандӣ тарбия месозанд, буҷаи оилавӣ ташкил мекунанд, хонаву дари худро таъмир менамоянд ва дар маҷмӯъ, дороиҳояшонро мақсаднок истифода мебаранд.

Сафари ҳайати ҳизбӣ дар Федератсияи Россия идома дорад.

                                                                                              АМИТ «Ховар»