Конференсияи миллӣ «Раванди реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатӣ ва нақши диаспораҳо ҳамчун шарикони рушд»

1,367 просмотров

30 октябр дар меҳмонхонаи «Шератон» бо иштироки намояндагони диаспораҳои тоҷикӣ Федератсияи Русия  ва Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон Конференсияи миллӣ бо иштироки байналмилалӣ доир ба мавзўи «Раванди реинтегратсия ва нақши дисапораҳо ҳамчун шарикони рушди кишвар» баргузор гардид.

Бо сухани ифтитоҳӣ дар назди ҳозирин Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Сумангул Тағойзода ва намояндаи Дастгоҳи Иҷроияи Президенти ҶТ Файзода Раҳматулло суханронӣ намуданд.

Дар кори Конференсия намояндагони диаспораҳои тоҷик: директори ТҶ «Маркази машварати муҳоҷирон»-ӣ шаҳри Новосибирски ФР Гулноза Қосимова, роҳбари Шуъбаи ҳуқуқии «Федератсияи муҳоҷирон дар Русия»-ӣ ш. Москва Абдулмаҷид Сурхаков,  раиси диаспораи тоҷикон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Шакарбек Норматов, раиси диаспораи тоҷикон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Қодир Муриватов, раиси минтақавии ТҶ «Дружба»-ӣ ш. Новосибирск Сияршо Абдуҷаборов ва директори ТҶ маркази «Муҳоҷират ва Қонун»-ӣ ш. Москва Дмитрий Михайлов иштирок ва баромад намуданд.

Сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Моёншо Маҳмадбеков дар мавзўи «Вазъият оиди муҳоҷирони баргаштаистода, реинтегратсия ва нақши диаспораҳо-ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ» баромади пурмазмун тавассути слайтҳо намуданд.

Чунин баромадҳо тавсассути слайтҳо аз ҷониби мутахассиси байналмилалӣ, Федератсияи Русия, «Диаспора – шарики рушди Тоҷикистон: Таҷрибаи байналмилалӣ – назария ва амалия» Сергей Брестовитский, ТҶ «Маркази рушди иноватсионӣ» Умед Раҳимдодов, Маркази таълимию-клиникии ҷумҳуриявии тиби оилавӣ: «Дастур оиди кор бо муҳоҷирон барои мутахассисони ёрии аввалияи соҳаи тандурустӣ: муқадима ва нақшаҳои оянда» Бунафша Ҷонова,  Иттиҳодияи миллии соҳибкории миёна ва хурд: «Мушкилотҳои соҳибкории миёна ва хурд хангоми таъсиси ҷойҳои корӣ» Матлуба Улҷабоева, ФҚХ «Чилучорчашма: «Таҷриба оиди пешкаши кқарзҳо барои таъсиси ҷойҳои корӣ ва ҷонибдории худфаъолият ва соҳибкорӣ, аз он ҷумлабарои муҳоҷирони баргашта» Меҳринисо Бабалова, инчунин муаррифномаи лоиҳаи «Нақши барномавӣ» оиди масоили муҳоҷирони меҳнатӣ, реинтегратсияи иҷтимоӣ, иқтисодии муҳоҷирони баргаштаи мутахассиси байналмилалӣ аз Арманистон Андраник Харутюнян  шунида шуд.

Дар фарҷом муаррифномаҳои гурўҳҳои корӣ бо тавсияҳо оиди қарорҳои конференсия қабул карда шуд.

Бо ҳамин Конференсияи миллӣ бо иштироки байналмилалӣ доир ба мавзўи «Раванди реинтегратсия ва нақши дисапораҳо ҳамчун шарикони рушди кишвар» ба корӣ худ анҷом дод.

                                                           Анвар Юсупов

                                   хабарнигори махсуси рўзномаи «Шуғл ва муҳоҷират»