Дар партави Паём

1,537 просмотров

                                                     Дарси кушод

Дар робита ба дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Хадамоти муҳоҷират дарси кушоди омўзишӣ баргузор гардид. Девор ва як гўшаи толор бо намунаи ҳунарҳои дастӣ, аз қабили кашидадўзӣ, гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, табақсозӣ, қўроқдўзӣ, сӯзанидӯзӣ, заргарӣ ва ғайра оро дода шуда буд.

Зимни баромади хеш, сардори Хадамот Тоҳир Каримзода қайд кард, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018  дар тамоми манотиқи мамлакат бо рӯҳияи баланд истиқбол гардид. Барои ин дар кишвари мо заминаи модию маънавӣ вуҷуд дорад. Таҷрибаи мамлакатҳои пешқадами дорои соҳаи сайёҳии рушдкарда баръало нишон медиҳад, ки асоси он сулҳ, амният ва суботи пойдор мебошад. Дигар ин ки ин сарчашмаи муҳими даромади буҷети давлатро ташкил медиҳад. Илова бар ин, рушди соҳаи сайёҳӣ ҳангоми мавҷуд будани инфрасохтори муосир ба сокинони мамлакат, аз ҷумла дар музофотҳо, имкон медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ пайдо шуда, даромади иловагӣ ба даст ояд ва ҳунармандони мардумию харидорони маҳсулоти дастӣ бозори худро пайдо намоянд. Ин воситаи муҳими муаррифии кишвар, фарҳангу тамаддуни миллиамон мебошад.

Сипас, мутахассисони шуъбаи ташкилӣ ва умумӣ баромад карда, муфассал оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ибрози ақида намуда, ба иштирокчиён маҳсули ҳунарҳои дастии ба маъраз гузошташуда, рамзҳо ва таърихи пайдоиши онҳоро шарҳу эзоҳ доданд.

Роҳбарияти Хадамот аз мутахассисони ҷавон даъват ба амал овард, ки оид ба ҳунарҳои мардумӣ ва миллӣ дар оянда пажуҳишҳои дақиқ анҷом диҳанд.

Дарси кушод муфид ва таъсирбахш гузашт.                                                                                                                                                                                                                                                                                                     Анвар Юсупов