Анҷумани навбатии минтақавии шартномабандӣ

863 просмотров

13 ва 14 апрел дар маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Анҷумани сеюми минтақавии шартномабандӣ – 2018  бо иштироки зиёда аз 200 нафар намояндагони созмонҳои байналмилалии Барномаи рушди СММ ва Иттиҳоди Аврупо, соҳибкорон, масъулини корхонаву ташкилотҳо ва ҳайати меҳмонон аз кишварҳои Федератсияи Россия, Қазоқистону Қирғизистон доир гардид. Дар ин чорабинии бонуфуз муовини сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷамшедхон Сайфуллозода ва сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии раёсат Равшанҷон Раҳимов ба қабул ва пазироии меҳмонон масъул буданд.

Анҷуманро муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ифтитоҳ бахшид. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханрониаш меҳмонону иштирокчиёнро хайрамақдам гуфт ва доир ба вазъи иҷтимоию иқтисодии вилоят, таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бахши хусусӣ, дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ ва имтиёзҳо барои соҳибкорон, ҳамкорӣ ва робитаҳои судманди минтақавӣ ва имкониятҳои тавсеаи минбаъдаи онҳо дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ маълумоти муфассал дод.

Ёдовар мешавем, ки вилояти Суғд дарвозаи водии Фарғона маҳсуб шуда, Шоҳроҳи бузурги Абрешим аз он мегузарад ва дорои имкониятҳои бузурги иқтисодӣ мебошад. Соҳаҳои муҳими иқтисодиёт – саноат ва кишоварзӣ дар ҳолати рушди босуръат қарор доранд. Аз ҷумла давоми солҳои охир нақшаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳамасола 120 – 130 фоиз таъмин мегардад. Дар самтҳои истеҳсоли пахта, пилла, меваю сабзавот, ғаллаю шолӣ, асал ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ низ дастовардҳо назаррасанд. Масалан соли равон замини кишти картошка ба зиёда аз 15 ҳазор гектар расонида шудааст. Кирмакпарварон нақша доранд истеҳсоли пилларо ба 600 тонна расонанд. Дар миқёси вилоят ҳоло 450 гармхона амал менамояд. Падидаи ҷолиб аз ҷиҳати экологӣ тоза ва хушсифат будани маҳсулоти барвақтии истеҳсолшаванда мебошад. Меваи тару хушки боғҳои вилоят ҳатто ба бозорҳои Аврупо роҳ ёфтааст.

Бино ба иттилои Раҷаббой Аҳмадзода айни замон вилоят дар доираи 18 лоиҳа робитаву ҳамкории барои ҳар ду ҷониб манфиатбахшро бо марказҳои саноатии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, ҷумҳуриҳои Беларус, Қирғизистону Қазоқистон ба роҳ мондааст.

Дар рафти суханронии намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Михаил Кораблин, муовини губернатори вилояти Оренбург, ҳамзамон вазири кишоварзӣ, саноати коркард ва хўроквории ҳамин вилоят Михаил Маслов ва дигар намояндагони доираҳои тиҷоратию соҳибкорӣ зимни ибрози назар баргузории Анҷумани навбатии минтақавии шартномабандиро фоли нек ҳисобида, таъкид намуданд, ки он ба  густариши минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, содироту воридоти мол, рушди фаъолияти соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор ва дар умум таҳкими дўстию рафоқат ва ҳамдилию ҳамгироӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар рўзи нахустини чорабинӣ ба ғайр аз муҳокимаи мавзўи имкониятҳо ва тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи миёни  истеҳсолкунандагон ва харидорони меваи тару хушк бо назардошти сифати он, тамошои дастовардҳои хоҷагии халқи вилоят, Муассисаи давлатии «Қасри маданияти Арбоб»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Маҷмааи таърихӣ – фарҳангии «Истиқлол»-и шаҳри Хуҷанд иштирокчиёни анҷуман дар рафти мулоқотҳои хоса байни ҳам гуфтушунид анҷом доданд.

Рўзи дуюми Анҷуман тибқи натиҷаи гуфтушунидҳо оид ба ҳамкорӣ як қатор шартномаҳо ба имзо расонида шуданд.

                                                                                          Мардон Қурбонов