Баррасии масъалаҳои вобаста ба муҳоҷират аз ҷониби вакилони халқ

894 просмотров

17 апрел ҷаласаи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба масъалаҳои сиёсати сармоягузорӣ доир гардид. Ҷаласа таҳти раёсати муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ҷараён гирифт ва ба мавзўи раводиди сармоягузорони хориҷӣ ё худ шаҳрвандони хориҷӣ, бақайд гири онҳо ва ҷаримабандӣ бахшида шуд.         Ҳамзамон рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2012, №755 «Дар бораи консепсияи сиёсати давлатии ҷалб ва ҳимояи сармоягузории Тоҷикистон» дар ноҳияҳои Кўҳистони Мастчоҳ ва Айнӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Чуноне ки раиси комиссияи доимӣ Б. Мирзобаҳодуров иттилоъ дод, вобаста ба масъалаҳои барраси шуда сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд З. Шарифӣ, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят М. Ализода, намояндаи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар вилоят Т. Дўстов, муовинони авали раисони ноҳияҳои Айнию Кўҳистони Мастчоҳ М. Муродзодава Т. Азиззода суханронӣ намуданд.

Дар маърўзаи худ З. Шарифӣ доир ба назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, фаъолияти ширкату корхонаҳои бо ҷалби қувваи кори хориҷӣ фаъолият баранда, риояи таносуби 80 бар 20 ҳангоми қабул ба кор, ташкили санҷишҳои назоратӣ ва рейду амалиётҳои махсус ба вакилони халқ маълумот дод.

Баъди анҷоми суханрониҳо миёни маърўзачиён ва вакилон саволу ҷавоб баргузор шуд.

                                                                                           Мардон Қурбонов