Гусели гурўҳҳои нави муҳоҷирон

717 просмотров

Давоми рўзҳои 13 – 17 апрели соли равон субъектҳои хоҷагидори вилояти Суғд барои сафарбар намудан ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон рўйхати 11 гурўҳ муҳоҷирони меҳнатиро бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят мувофиқа намуданд.

Дар ин самт ҳамоно ҶДММ «Суғдиён Помир Тур» пешсаф мебошад ва аз ҷумлаи сафарбаршудагон 9 гурўҳашон ба ҳамин субъекти хоҷагидор рост меояд. Дар умум аз ҷониби ин ширкат 330 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ аз гўшаю канори мухталифи Тоҷикистон ба шаҳрҳои Самара, Толятти, Оренбург, Новосибирск, Перм, Тюмени Федератсияи Россия ва Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон сафарбар шуданд.

Ҳамзамон давоми ин рўзҳо филиали ҶДММ «Олами саёҳат» дар вилояти Суғд23 нафар муҳоҷирони меҳнатиро аз ноҳияи Ашт ба муддати 1 сол ба шаҳри Челябинск ва соҳибкори инфирдӣ Ш. Маҳмудов 43 нафарро аз ҳамин ноҳия ва ба ҳамин муҳлат ба шаҳри Тюмен сафарбар намуд.

Падидаи ҷолиб вақтҳои охир зиёд шудани шумораи шаҳрвандонест, ки барои муҳоҷирати меҳнатӣ Ҷумҳурии Қазоқистонро интихоб менамоянд.

                                                                                          Мардон Қурбонов