Ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи Раёсат

663 просмотров

20 апрел маҷлиси ҳисоботии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давоми семоҳаи авали соли 2018 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюм доир гардид. Дар рафти маҷлис ду масъала ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият ва риояи интизоми меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бо назардошти муҳимияти он бештар ба масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ эътибор дода шуд.

Маҷлиси ҳисоботӣ бо муаррифии мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Гулистон Фирўз Ҳодиев оғоз ёфт.

Сардори Раёсат Зайнура Шарифӣ зимни сухани ифтитоҳиаш иброз дошт, ки маҷлиси ҳисоботӣ ҳамагӣ як моҳ баъд аз сафари кори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд доир мешавад. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 дар назди мо кормандони соҳаи муҳоҷират низ як қатор вазифаҳои муҳимро вогузор намуд, ки дар давоми соли равон бояд иҷро намоем.

Ҳисоботи семоҳаи Раёсат аз ҷониби мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ Ҳусейнҷон Зоидов қироат шуд. Дар ҳисобот таъкид шуд, ки дар радифи аҳли ҷомеа кормандони Раёсат ва шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо ҳам дар раванди бунёдкорию созандагӣ саҳми худро гузоштанд.

Дар ин давра ҳам бештар ба масъалаҳои бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандон, бурдани корҳои иттилоотӣ, кор бо муҳоҷирони воридшавиашон муваққатан манъгардида, касбу забономўзонӣ, ҳалли масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати дохилию экологӣ, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ ва қоидаҳои будубош аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ, гузаронидани санҷишҳои назоратӣ дар корхонаҳои муштарак ва ширкатҳои бо ҷалби қувваи кории хориҷӣ фаъолиятбаранда, муташаккилона сафарбар намудан ва бо ҷои кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа ва ҳамкорӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣҳамчун шарикони рушди кишвар диққат дода шуд.

Мувофиқи таҳлилҳо дар давоми моҳҳои январ – марти соли 2018 аз ҳисоби сокинони вилояти Суғд ҳамагӣ 30497 нафар ба хориҷа сафар карданд. Аз ҷумлаи сафаркардагон 27212 нафарашон муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд. Ҳамзамон бо мақсадҳои дигар 3285 нафар қаламрави вилоятро тарк намуданд.

Соли равон шумораи умумии муҳоҷирон дар вилоят 2183 нафар (занҳо 47, мардҳо 2136) кам шудааст.

Дар рафти музокира мудирони шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент Фирдавс Умаров, Шаҳристон Охунҷон Тўйчиев, Деваштич Санавбар Баҳодурова, Исфара Ғайрат Бобоев, Айнӣ Баҳрулло Ғайбуллоев, Кўҳистони Мастчоҳ Маҳмадносир Ниёзов ва Зафаробод Илҳомҷон Турсунов оид ба вазъи муҳоҷирати дохилию экологӣ, рафти ҷудо гардидани қитъаҳои замин, кўчонидани аҳолӣ, дастрас намудани қарзи имтиёзнок ва баргардонидани маблағи қарзҳои мўҳлаташон баохиррасида, ба вуҷуд овардани инфрасохтор  ва бунёди манзил маълумот дода, ба саволҳои Сардори Раёсат посух доданд. Зайнура Шарифӣҳамчунин вобаста ба самтҳои мухталифи фаъолият аз мудирони шўъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд Манзурат Саторова, Конибодом Боҳирҷон Шарипов, Истаравшан Ҳабибҷон Сабуров, Гулистон Фирўз Ҳодиев, Бўстон Санҷар Сатторзода, Истиқлол Фахриддин Ойматов, Бобоҷон Ғафуров Умед Султонов, Ашт Нодира Назарова ва Мастчоҳ Раҳмат Қурбонов пурсиш ба амал овард.

Дар назди аҳли толор оид ба фаъолияти молиявӣ мудири бахши молияи ва хоҷагидорӣ Собит Собиров, оид ба вазъи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави вилоят мутахассиси ботаҷрибаи шўъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Абубакр Ибрагимов ва оид ба бақайдгирии муҳоҷирон мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан Алишер Хидиров гузориш доданд.

Аз рўи масъалаи дуюми рўзнома риояи интизоми меҳнатӣ аз ҷониби кормандон мавриди баррасӣқарор гирифт. Сардори Раёсат вобаста ба ин масъала аз мудирони шўъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истиқлол ва Бобоҷон Ғафуров саволу ҷавоб кард.

Маҷлиси ҳисоботӣ бо вазифагузориҳои Сардори Раёсат ба охир расид.

                                                                                             Мардон Қурбонов