«Об барои рушди устувор»

1,152 просмотров

Сарчашмаи пешниҳоди эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 чунин ном дошт, мавзўи дарси омўзишӣ барои кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират, ки 22 май баргузор гардид.

Дар баромади хеш, сардори Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзӣ Тоҷидинзода Наҷмидин қайд намуд, ҷаҳони имрӯза новобаста аз мушкилоти гуногуни муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамкориҳои дастаҷамъонаи кишварҳои олам барои дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои дорои хусусияти умумибашарӣ равшан ба назар мерасад.

Яке аз сатҳҳои олие, ки дар замони муосир  ҳамкориҳои байналмилалиро  ба роҳ меандозад, ин Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) ба шумор меравад. Дар доираи фаъолияти густурдаи он бо ҷалби амалҳои созандаю хайрхоҳонаи давлатҳои аъзо таваҷҷуҳ ба ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ пайваста зоҳир мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба сифати аъзои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ аз соли 1992 инҷониб бо мурури дастрасӣ ба сулҳу суботи устувор таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба тавонист бо таҳия ва пешниҳодҳои муҳим дар мавриди ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ саҳми арзандаи худро гузорад.

Ин иқдомҳои шоиста Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пеши назари оламиён ҳамчун кишвари ташаббускор ва дорои таваҷҷуҳи хос дар ҳалли мушкилоти сайёра намудор сохтанд.

21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи A/RES/71/222-ро зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028” бо иттифоқи оро ва бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул намуд.

Мутобиқи Қатъномаи мазкур давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” эълон мешавад, ки он аз 22-юми марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад (22-юми март аз ҷониби СММ Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об эълон шудааст).

Ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” бори аввал аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд.

Аз назари коршиносон аз истифодаи оби бесифат назар дар ҷангҳо бештар одамон вафот мекунанд. Ҳарчанд дар сайёраи мо об фаровон аст, вале тахминан ҳамагӣ 1%-и он барои истифода дастрас аст. Дар давоми 50 сол дар дарёҳои бузургтарини сайёра камшавии об ба назар мерасад. Ба ин таъғирёбии иқлим ва афзудани аҳолии замин сабаб гаштааст.

Дар замони ҳозира қариб 700 миллион сокини сайёра аз 43 кишвари дунё аз норасоии об танқисӣ  мекашанд. Соли 2025 беш аз 3 миллиард одам бо ин мушкилот дучор мешаванд.

Инсоният бояд дарк намояд, ки захирахои обӣ тамомшаванда нестанд. Онро бояд самаранок масраф созем, – афзуд Н.Тоҷидинзода.

Дар охир ба иштирокчиён филми мустанад намоиш дода шуд.

                                                                                            Анвар Юсупов