Дар партави суханронии Пешвои миллат

1,178 просмотров

Имрўзҳо дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд низ аҳли ҷомеаи меҳнатӣ ва дар умум шаҳрвандон суханронии пурмўҳтавои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мулоқот бо аҳли зиё, ходимони дин ва намояндагони фаъоли ҷомеа мавриди муҳокимаи гарму ҷўшон қарор дода, ҷиҳати татбиқи дастуру ҳидоятҳояшон чораандешӣ намуда истодаанд.

Аз ҷумла 23 май бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич дар қасри фарҳанги шаҳраки Ғончи бо ҷалби 220 нафар кормандони масъули мақомоти мазкур, сарварони корхонаю ташкилотҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаи маҳаллаҳо ва фаъолон доир гардид.

Бояд гуфт, ки яке аз мавзўъҳои асосии дар рафти ин мулоқот баррасигардида муҳоҷирати меҳнатии бехатар ва баланд бардоштани сатҳи маърифати муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо буд. Зимни суханронии худ раиси ноҳия Р. Ҷўразода, прокурори ноҳия А. Раҳмонзода, сардори шуъбаи Раёсати КДАМ дар ноҳия М.Ҳотамов ва комиссари ҳарбии ноҳия С. Давронзода ба масъалаҳои мубориза ба муқобили терроризму экстремизм, бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВИЧ/СПИД, муқовимат бо коррупсия, чораҳои бехатарӣ дар давраи баргузории Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол,  пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро эътибори махсус зоҳир намуданд.

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич тасмим гирифт, ки дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои маҳаллаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳамин гуна мулоқотро дар ҳамаи ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо ба роҳ монад.

                                                                               Мардон Қурбонов