«Иқболи нек» муҳоҷирони меҳнатиро низ ба ҳам овард

1,182 просмотров

Дар доираи ҳамкории бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт бо идораю муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ вақтҳои охир корҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо тақвият пайдо карда истодааст. Чорабиниҳое, ки давоми моҳи май вобаста ба пешгирӣ ва мубориза ба муқобили бемориҳои гузаранда, аз ҷумла ВНМО ва сил доир шуданд, самарии ҳамкории бахш бо ташкилоти ҷамъиятии «Иқболи нек» буданд.

Ҳамин гуна чорабинии иттилоотӣ – маърифатӣ чанде пеш дар чойхонаи миллии ноҳия доир гардид. Бояд гуфт, ки дар ташкил ва гузаронидани он ҳамчунин шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД-и ноҳия, марказҳои ноҳиявии наркологӣ, ДОТС, тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО, беморхонаи ноҳиявӣ саҳми худро гузоштанд. Ин чорабинии ноҳиявӣ дар радифи кормандони ҷамоатҳо, фаъолони ҷомеа ва муассисаҳои соҳаи тандурустӣ муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро ба ҳам овард.

Дар назди аҳли толор дар радифи мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД-и ноҳия З. Мамадҷонов, директори ТҶ «Иқболи нек» М. Бобоев, сарварони марказҳои ДОТС-и ноҳия З.Дадоҷонов, тарзи ҳаёти солим С. Бузурукова, пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО М. Пулотов мутахассиси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт С. Мирзалиева низ суханронӣ мекарданд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ аз ҷониби Маркази тарзи ҳаёти солим видеороликҳо намоиш ва буклетҳо тақсим карда шуданд.

                                                                                         Мардон Қурбонов