Бо мақсади таҳкими сулҳу субот

1,101 просмотров

Дар маҷмааи меҳмонхонаи байналмилалии “Парламент”-и шаҳри Хуҷанд 13-15 августи соли равон бо иштироки намояндагони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ўзбекистон ва Қирғизистон ҳамоиш оид ба таҳкими сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ доир гардид.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз ҷониби агентии иттилоотии “Интернюс” роҳандозӣ шуд.

Иштирокчиён дар баробари шунидани суханрониҳои муовини Раиси ҲХДТ профессор Р. Бобоҷониён, раиси шўрои ташкилотҳои ҷамъиятии вилоят Ш. Ҳасанова, сарвари лоиҳаи мазкур Ф. Раҳматов, раиси бахши вилоятии Иттиҳоди рўзноманигорони Тоҷикистон И. Ҷамолов, мудири бахши иттилоот ва таҳлили дастгоҳи Раиси вилоят М. Юнусов, сармуҳаррири телевизиони “СМ-1” И. Ҳошимов, раиси Ассотсиатсияи занҳои соҳибкор М. Мирзобаҳодурова ва дигарон ҳамчунин аз Кохи матбуот, ширкатҳои радиову телевизионии “Тироз”, “Азия”, “СМ-1” дидан намуда, бо раванди ҷамъоварӣ ва пешниҳод намудани маводҳо вобаста ба мубориза алайҳи терроризму экстремизм шинос шуданд. Илова ба ин дар рафти корҳои амалӣ худи иштирокчиёни чорабинӣ ба ҷамъоварию коркарди мавод вобаста ба ҳамин мавзўъ машғул шуданд.

Намояндаи Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Р. Раҳимов низ бо маърўза дар мавзўи “Осебпазирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва муаммоҳо дар самти муқовимат бо терроризму экстремизм” баромад кард.

Баъди ҳар як суханронӣ дар байни иштирокчиён мусоҳибаи озод ва саволу ҷавоб доир гардид.

 

                                                                                                             Мардон Қурбонов