Ярмакаи ҷойҳои холии корӣ

1,010 просмотров

Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират ва шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Деваштич 10 августи соли равон дар майдони назди шуъбаи маорифи ноҳия ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ доир гардид.

Дар умум аз ҷониби шуъбаи маориф, иттифоқи матлубот, ҶДММ “Ороста”, ҶДММ “Дилшод-79”, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, беморхонаи ҳарбӣ, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, нозироти андоз ва маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ 102 ҷойи кори холӣ пешниҳод гардид.

Ҳамагӣ ба ярмарка 120 нафар корҷўяндагон ташриф оварданд. Дар назди онҳо муовини раиси ноҳия М. Шарифзода, мудири шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ Т. Ҷумъаев, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират С. Баҳодурова, раиси КИ ҲХДТ К. Исмоилзода суханронӣ намуда, баён доштанд, ки  чорабинии мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мешавад. Ҳамзамон онҳо аҳли ҷомеаро дар симои иштирокчиёни ярмарка ба бунёдкорию созандагӣ даъват намуданд.

Дар рафти ярмарка 8 нафар корҷўяндагон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

 

                                                                                 Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                          дар ноҳияи Деваштич