Омода шавед, баъд ба сафар бароед!

873 просмотров

Бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ вобаста ба талаботи нави қонунгузории Федератсия Россия дар самти муҳоҷират сармашқи кории кормандони  шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии  Душанбе» ва КВД «Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе »-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе мебошад.

Дар ҳафтаи сипари гашта ба шуъба зиёда аз 400 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба таври шифоҳӣ муроҷиат намуданд, ки ҳамаи муроҷиатҳои онҳо дар доираи ваколати худ қонеъ гардонида шуд.

Аслан муроҷиаткунандагон барои донистани ҳолати депортатсияи худ, гирифтани маълумот дар бораи тағйиротҳои воридшуда дар қонунгузории соҳаи муҳоҷирати Федератсияи Россия пурсон мешаванд.

Аз тарафи кормандони шуъба ба ҳамаи муроҷиаткунандагон буклетҳо оиди тағйиротҳои нави қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират тақдим карда мешавад.

Зимни суҳбат бо муроҷиаткунандагон пай бурда мешавад, ки сабабҳои берун шуданашон (депортатсия), ин риоя накардани қонунгузории кишвари будубош, аз ҷумла дар қайд нагузоштан, иҷозатномаи корӣ ва патент нагирифтан, инчунин надонистани забони русӣ мебошад.

Ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ маслиҳат дода мешавад, ки дар муассисаҳои касбӣ таҳсил карда, соҳиби касби муайян гарданд ва забони русиро хуб омўхта баъд ба сафар бароянд.

                                                                  Фаридун Раҳматов

мутахассиси шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии  Душанбе» ва КВД «Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе»-и Раёсати ХМ дар шаҳри Душанбе