Амали хайр дар арафаи ҷашн

876 просмотров

Имрўзҳо ба муносибати ҷашни дарпешистодаи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд низ амалҳои хайриявӣ роҳандозӣ шуда истодааст.

Аз ҷумла гурўҳи аёдатии шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд таҳти сарварии сардори шуъба Манзурат Саторова ду оилаи камбизоатро дар кўчаи ба номи Ҷўра Зокиров аёдат намуд.

Зимни аёдат ба сарварони ин хонаводаҳо – Саидолим Бурҳонов ваШаҳодат Содиқова кўмаки яквақта иборат аз маводи ғизоӣ супорида шуд. Манзурат Саторова аёдатшудагонро муборакбод гуфт ва барояшон зиндагии хушу осуда таманно кард.

Бино ба иттилои мавсуф ҷавобан ба дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд минбаъд низ чунин амалҳои хайрро идома мебахшад ва дар ин самт бо вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, кумитаҳои маҳалла, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва соҳибкорону саховатмандон ҳамкориро ба роҳ мемонад.

 

                                                                            Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират

                                                                                                 дар шаҳри Хуҷанд