Маводи иттилоотӣ ба муҳоҷирон

850 просмотров

Дар фаъолияти Раёсати Хадамоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо зимни ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ паҳн намудани маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва рўзномаи «Шуғл ва муҳоҷират» анъанаи дерина аст. Ҳамзамон амали мазкур ҳангоми муташаккилона сафарбаркунӣ ва гусели муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор роҳандозӣ мешавад.

Маҳз ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифати муҳоҷирони меҳнатӣ ва таъмини муҳоҷирати бехатари онҳо 29 август соли равон ба зиёда аз 200 нафар мусофирони қатораи хатсайри «Хуҷанд – Саратов» варақаи иттилоотии «Патент гир – қонунӣ кор кун!» тақсим гардид.

Мутахассиси пешбари шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсат Ҷамолов Рустамҷон дар вобастагӣ ба ин масъала гуфт, ки дар оғози ҳафтаи равон ҳамин гуна чорабинӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ҳам ташкил шуда буд. Кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан дар чанд нуқта ба муҳоҷирон варақаи иттилоотӣ тақсим карданд ва тартиби ба расмият даровардани патентро ба онҳо фаҳмонданд. Дар умум аз ҷониби кормандони шуъба ба зиёда аз 350 нафар шаҳрвандон  варақаи иттилоотӣ дастрас шуд, ки аксарияташон муҳоҷири меҳнатӣ буданд. Раёсат минбаъд ҳам корбариро дар ин самт идома медиҳад,- гуфт дар интиҳои сухани худ Рустамҷон Ҷамолов.

Тавре сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсати Хадамоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Равшанҷон Раҳимов иттилоъ дод, варақаи иттилоотии мазкур бо ташаббуси Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратии шаҳри Москва ба чоп расонида, тавассути Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раёсат дастрас шудааст.

Ёдовар мешавем, ки варақаи иттилоотии «Патент гир – қонунӣ кор кун!» барои шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Ўзбекистон, Молдова ва Украина пешбинӣ гардида, дар он тартиби ба расмият даровардани патент дар Федератсияи Россия пурра шарҳ дода шудааст.

 

                            Мардон Қурбонов

                                   вилояти Суғд