Мулоқот дар деҳаи калонтарини ноҳия

1,104 просмотров

Мулоқоти бо сокинони деҳаи Урметан барпонамудаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ пурра ба мавзўи пешгирӣ ва мубориза ба муқобили терроризму экстремизм бахшида шуд. Аҳли толор дар ибтидо аз ҳодисаи ҳамлаи террористӣ ба сайёҳони хориҷӣдар ноҳияи Данғара ёдовар шуда, ташкилкунандагону иҷрокунандагони ин амали номардонаву нангинро маҳкум карданд.

Деҳаи Урметан калонтарин деҳаи ноҳияи Айнӣ маҳсуб мешавад ва ҳамасола аз он ҷо ҳам даҳҳо нафар сокинон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Бо назардошти ин, бахши Хадамоти муҳоҷират кўшиш ба харҷ дод, ки теъдоди бештари муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ба мулоқот ҷалб шаванд.

Баъди оғози чорабинӣ аз ҷониби раиси ҷамоат Ф. Қурбонов мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Баҳрулло Ғайбуллоев ба аҳли толор мафҳумҳои ифритгароию тундгароиро шарҳ дода, онҳоро аз нақшаву ниятҳои нопоки террористону экстремистон огоҳ сохт. Дар симои иштирокчиён муҳоҷирони меҳнатӣ ва кулли аҳли ҷомеаро даъват намуд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба доми фиреби душманону бадхоҳони давлату миллатамон наафтанд. Дар ҷамъбасти мулоқот ҳамзамон иштирокчиён ба ривоҷи бунёдкорию созандагӣ ва истиқболи сазовори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ватанамон даъват шуданд.

Дар умум дар ин чорабинӣ 95 нафар шаҳрвандон иштирок намуданд.

 

                                                                  Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                     дар ноҳияи Айнӣ