Оғози марҳилаи нав

1,196 просмотров

Тибқи нақшаи корӣ барои нимсолаи дуюми соли 2018 шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд имрўзҳо марҳилаи нави корҳои иттилоотию маърифатиро роҳандозӣ намуда истодаанд.

Аз ҷумла 27 август бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Гулистон дар љамоати шаҳраки Консой бо зиёда аз 80 нафар намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа вохўрӣ гузаронида шуд. Дар ташкил намудан ва гузаронидани ин чорабинӣ бахшро МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд, бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Гулистон, љамоати шаҳраки Консой, имомхатиби масҷиди ҷомеъ ва фаъолону омўзгорон дастгирӣ карданд.

Тибқи иттилои мудири бахш Фирўз Ҳодиев дар рафти чорабинӣ ҳама масъалаҳои муҳими вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ, тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳонӣ ва шуғли аҳолӣ мавриди баррасии васеъ қарор гирифтанд.

Баъди мусоҳибаи озод ба иштирокчиён шумораҳои охирини рўзномаи «Шуғл ва муҳоҷират» ва маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ дастрас гардид.

 

                                                                Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                     дар вилояти Суғд