Аксияи дуюми муштарак

1,014 просмотров

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти худ бонамояндагони ҷомеаи кишвар дар арафаи моҳи Рамазон ва суханрониашон дар Рўзи дониш ва дарси сулҳ аз зиёд шудани шумораи гирифторони бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) изҳори нигаронӣ намуда, супориш доданд, ки дар самти пешгирӣ ва мубориза ба муқобили ин гуна омилҳои номатлуб чораҳои қатъӣ андешида шаванд.

Дар ҷаласаи ҳисоботӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти ҳаштмоҳаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода низ масъулин ва сохтору мақомоти дахлдорро ҷиҳати андешидани чораҳои қатъӣ ва роҳандозӣ намудани чорабиниҳои судманд дар ин самт вазифадор намуд.

Ҳамзамон дар асоси қарори Ҷаласаи Шўрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ), сил ва вараҷа, ки ба масъалаи татбиқи «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020» дар давоми нимсолаи аввали соли 2018 бахшида шуд, Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати боз ҳам ҷоннок намудани корҳои иттилоотию тарғиботӣ, ташкили мулоқотҳо бо аҳолӣ, паҳн кардани варақаю дастурамалҳо дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ҳамкории босамар бо васоити ахбори омма ва дар умум саҳми бештар гузоштан дар татбиқи «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020» вазифадор шуданд.

Бо назардошти он, ки муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷумлаи қишрҳои осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд, бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ва супоришу вазифагузориҳои Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шумо чанде пеш Раёсати Хадамоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ташкилоти ҷамъиятии маҳаллии «Амали нек» Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар самти дастгирии муҳоҷирони меҳнатиро баимзо расониданд. Дар асоси ин Созишнома ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои муштараки ташвиқотию тарғиботӣ ба ҳукми анъана даромад.

Аз ҷумла, 19-уми сентябр дар истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд маротибаи дуюм чунин чорабинӣ гузаронида шуд. Дар он нисбат ба чорабиниҳои қаблӣмуҳоҷирони меҳнатӣ бештар фаро гирифта шуданд. Барои тақсими маводҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ин навбат дар баробари нафарони масъул аз Раёсат ва ТҶ «Амали нек» кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан низ саҳмгузорӣ карданд.

Дар умум  аз байни наздик ба 400 нафар муҳоҷирони меҳнатии ба аксия ҷалбгардида 84 нафар бо хоҳиши худ, ба таври ройгон аз ташхиси тиббӣ гузаштанд ва хушбахтона, ин бор низ ягон ҳодисаи сироятёбӣ ошкор нагардид. Дар рафти чорабинӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ зиёда аз 3000 нусха (11 номгўй) маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ тақсим карда шуд.

Аз ҷониби ҶДММ «Мирзо ва К», ки дар мувофиқа бо Раёсат муҳоҷирони меҳнатиро дар Федератсияи Россия бо ҷойи кор таъмин менамояд, дар ҳамин сана як гурўҳи 25-нафара ба Федератсияи Россия гуселонида шуд. Ҳамаи онҳо низ бо хоҳиши худашон аз ташхиси тиббӣ гузаштанд ва маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ гирифтанд.

Зимни суҳбати озод аз ҷумлаи иштирокчиён чандин нафар ба унвони ташкилкунандагони аксияҳои доиргардид миннатдорӣ баён карданд.

Раёсати Хадамоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд минбаъд ҳам корро дар ин самт идома мебахшад ва барои ташкилу гузаронидани чунин чорабиниҳо дар дигар терминалҳои нақлиётӣ кўшиш ба харҷ медиҳад.

 

                                                                                                   Мардон Қурбонов