Вохўрӣ бо вакилони халқ

662 просмотров

Баъд аз таҷлили бошукўҳи ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси вилояти Суғд ҳам мулоқотҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон доир гардид.

Дар силсилаи мулоқотҳои дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Истаравшан доир шуда сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ҳайси шахси масъул аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ширкат варзид.

Чуноне мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан Ҳабибҷон Ҷумъазода иттилоъ дод, дар мулоқотҳое, ки дар толори ҷамоатҳои деҳоти Ҷавкандак, Қалъаи Баланд, Пошкент, Чорбоғ ва Зарҳалол бо вакил аз ҳавзаи интихоботии Ғончӣ №24 Исмоилзода Зуфар Муртазохон доир шуданд, дар радифи муовини раиси шаҳри Истаравшан Содиқ Мирсаидов сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Равшанҷон Раҳимов низ иштирок дошт. Ҳамзамон барои дар сатҳи баланд ташкил намудан ва гузаронидани чорабиниҳои ба нақша гирифташуда кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан саҳми худро гузоштанд.

 

                                                                           Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                    дар шаҳри Истаравшан