Мубориза бар зидди ВНМО василаи ҳимояи солимии ҷомеа

715 просмотров

Дар толори Хадамоти муҳоҷират дарси омўзишӣ дар мавзўӣ мубориза бар зидди бемории хафнок ВНМО бо ҷалби кормандони дастгоҳи марказии Хадамот баргузор гардид.

Мудири шуъбаи арзёбӣ ва баҳодиҳии Маркази ҷумҳуриявӣ пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО Тоҳир Шерхонов дар баромади худ ба ҳозирин таъкид намуд, ки  мақсади асосии мо дар ин ҳамоиш баланд бардоштани сатҳи дониши кормандон бобати хавфи вируси бемории ВНМО/БПНМ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва коҳиш додани ин бемории сироятӣ мебошад. Зеро ВНМО вируси ғайриоддӣ буда, инсон метавонад онро дар организми худ солҳои зиёд дошта бошад, вале ҳамзамон ба куллӣ солим намояд. Вале вирус тадриҷан дар дохили организм афзоиш меёбад, ҳуҷайраҳои хунро вайрон мекунад, ки онҳо унсури системаи ҳимоятгари организм мебошанд. Агар инсон ВНМО дошта бошад, чунин маъно надорад, ки дар ё БННМ зуд инкишоф меёбад. Вирус метавонад дар организм даҳ сол ва аз он ҳам бештар ҷой дошта бошад то ба он даме, инсон ягон аломати маризиро ҳис намояд.

Инчунин ў мухтассар дар мавзўъҳои: сабабҳои  пайдоиши БНММ, роҳҳои сироятёбӣ ба ин беморӣ, робитаҳои тасаддуфӣ бо одамони сироятшуда, роҳҳои пешгирӣ аз ин беморӣ сухан гуфт. Ў афзуд,  ки то ба имрўз ягон усули эмкунӣ ва ё доруи махсус нест, ки бо он сироятшавии ВНМО-ро пешгирӣ кардан мумкин бошад. Ягона роҳи боэътимоди гирифтор нашудан ба ин беморӣ, пешгирӣ аз сироятёбӣ мебошад. Рафтори дуруст ва тарзи ҳаёти солим метавонад, инсонро аз сироятёбӣ бемории ВНМО/БНММ муҳофизат намояд.

Дар вохўрӣ, филми мустанаде намоиш дода шуд, ки ба мавзўи  бемории ВНМО бахшида шуда буд.

                                                                                                        Анвар Юсупов