Муҳоҷирони меҳнатӣ сипосгузоранд

1,174 просмотров

Ҳафтаи сеюм аст, ки дар саристгоҳи шаҳри Хуҷанд ва истгоҳи “Роҳи Абрешим” нуқтаҳои сайёри маълумотдиҳии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар вилояти Суғд рўзҳои сешанбе ва ҷумъа амал карда истодаанд. Тадбири мазкур бо супориши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода роҳандозӣ гардида, баъдан ба ҳукми анъана даромад. Ёдовар мешавем, ки ин рўзҳои сешанбе ва ҷумъа рўзҳои сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор ба Федератсияи Русия мебошад.

12-уми октябр аз саристгоҳи Хуҷанд Ҷамъияти саҳҳомии “Иттиҳодияи автовокзалҳо” . Дар ҳайати 2 гурўҳ муҳоҷирони меҳнатиро ба шаҳрҳои Москва ва Красноярск сафарбар кард. Сарварони гурўҳҳо Анвар Маҳкамов ва Муслима Ғоибова зимни мусоҳибаи кўтоҳ иттилоъ доданд, ки сафарбаршавандагон асосан истиқоматкунандагони вилояти Суғд мебошанд ва барои фаъолияти меҳнатӣ корҳои сохтмониро интихоб намудаанд. Рўйхати муҳоҷирони меҳнатӣ бо Раёсати Хадамоти муҳоҷират мувофиқа гардид ва онҳо дар нуқтаи сайёри маълумотдиҳӣ вазъи ҳуқуқиашонро муайян кардаанд.

Бино ба гуфти мутахассиси пешбари шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсат Рустамҷон Ҷамолов ҳангоми санҷидани шиноснома ва муайян кардани вазъи ҳуқуқиашон сокинони ноҳияи Айнӣ – Музаффар Одинаев ва Беҳрўз Надиров барои кушодани нуқтаи сайёри маълумотдиҳӣ ба унвони сардори Раёсат Зайнура Шарифӣ миннатдорӣ баён карданд.

Муҳоҷири меҳнатӣ аз шаҳри Конибодом Фурқатҷон Қўчқоров дар оянда ба роҳ мондани ташхиси тиббиро тақозои замон арзёбӣ кард ва баён дошт, ки Раёсат дар ин самт таҷрибаи кофӣ дорад. ў аз оинаи нилгун аксияҳои муштараки дар истгоҳи роҳи оҳан доиргардидаро тамошо кардааст ва итминон дорад, ки чунин тадбир бар терминалҳои нақлиёти автомобилӣ ҳам роҳандозӣ мешавад.

 

                                                                                                  Мардон  Қурбонов