Назоратро пурзўр бояд кард!

1,118 просмотров

Соли равон чандин маротиба васоити ахбори умум оид ба фиреб хурдан ва дар роҳи сафар ба  мушкилот дучор шудани муҳоҷирони меҳнатии тавассути субъектҳои хоҷагидори вилояти Суғд ба хориҷа сафарбаргардида иттилоъ доданд. Дар ин самт махсусан сомонаи интернетии радиои «Озодӣ» фаъол аст ва нашрияҳои чопӣ аксар вақт маводҳои ин сомонаро бознашр менамоянд. Дар чунин маводҳо сухан дар бораи он меравад, ки зимни сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ субъектҳои хоҷагидор вазифаи худро софдилона ба ҷо намеоранд, шартномаи байни онҳо ва корҷўяндагон басташуда пурра иҷро намешавад ва бо чандин сабаби дигар муҳоҷирони меҳнатӣ берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар ҳудуди ҷумҳуриҳои Қирғизистону Қазоқистон бо мушкилот рў ба рў мешаванд.

Тибқи маълумотҳои мавҷуда ба ҳолати моҳи сентябри соли равон дар миқёси вилояти Суғд 9 адад субъектҳои хоҷагидор бо Иҷозатномаҳои Хадамоти муҳоҷират ва Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, ба мусофиркашонии байналмилалӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа машғуланд. Аз ҷумлаи онҳо ҶДММ «Мирзо ва К» ба фаъолияти бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа, субъектҳои хоҷагидори боқимонда аз қабили «Сомон экспресстранс», «Суғдиён Помир тур», «Иттиҳодияи автовокзалҳо», «Роҳи Абрешим», «Олами саёҳат», «Хуҷанд транс сервис», «Сайри лаззати дунё» ва СИ «Маҳмудов» ба фаъолияти сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ машғуланд. Аммо тибқи мушоҳидаву таҳлилҳо аз ҷумлаи ин субъектҳои хоҷагидор танҳо чанд адади башуморашон фаъолияти ба талабот ҷавобгў доранд. Ёдовар мешавем, ки аз хизматрасонии ширкатҳои мазкур на танҳо сокинони вилояти Суғд, балки сокинони дигар минтақаҳои кишвар ҳам истифода мебаранд.

Соли ҷорӣ (ба ҳолати 20 сентябр) аз ҷумлаи субъектҳои хоҷагидор ҶДММ “Мирзо ва К” дар мувофиқа бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 510 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Федератсияи Россия бо кор таъмин намуд. Тибқи шартнома онҳо дар вилоятҳои Москваю Волгоград ба корҳои мавсимии кишоварзӣ машғул шуданд. Ҳангоми гусели ду гурўҳи муҳоҷирони меҳнатӣ дар 31-уми март ва 19-уми сентябр Сардор ва кормандони дастгоҳи Раёсат бевосита ширкат варзиданд, ба муҳоҷирони меҳнатӣ қоидаҳои муҳоҷирати бехатарро фаҳмонида, ба онҳо маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ дастрас намуданд ва рафти ин гуселкуниҳо тавассути воситаҳои ахбор инъикос гардид.

Дар ин радиф давоми нуҳмоҳа субъектҳои хоҷагидори “Суғдиён Помир тур” 4446, “Роҳи Абрешим” 69, “Олами саёҳат” 181 ва СИ “Маҳмудов” 509 нафар, ҷамъ 5205 нафар муҳоҷиронро ба Федератсияи Россия сафарбар карданд.

Бо назардошти арзон будани нархи роҳкиро ва муташаккилона сафарбар шуданашон теъдоди муайяни муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ сафар карданро маъқул мешуморанд. Субъектҳои хоҷагидор танҳо вазифаи мусофиркашонии байналмилалиро ба ҷо меоранду халос. Дарёфти ҷойи истиқомату ҷойи кор, расмикунонии ҳуҷҷатҳо ва ғайра ба зиммаи худи муҳоҷирони меҳнатии сафарбаршаванда мебошад ва инро онҳо хуб медонанд.

Субъектҳои хоҷагидор, новобаста аз он ки бо муҳоҷирони меҳнатӣ сару кор доранд, оид ба фаъолияти худ ба Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳисоботдиҳанда нестанд ва худро барои ин кор масъул  ҳам намеҳисобанд. Озодона дар терминалҳои нақлиётӣ, назди бозору марказҳои калони савдо, меҳмонхонаҳо ва ҷойҳои ҷамъшавии теъдоди зиёди шаҳрвандон ташвиқот бурда, муҳоҷирони меҳнатиро тавассути роҳбаладону миёнаравҳо ҷамъ меоранд. Эълонҳои онҳо дар радиоҳои маҳаллӣ садо дода, дар шакли сатри равон мунтазам дар телевизион пахш мешавад.

Аз рўи қоидаи маъмулӣ субъектҳои хоҷагидор бояд пеш аз сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ рўйхати онҳоро бо Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд мувофиқа намоянд. Зеро сиёсати давлатӣ вобаста ба муҳоҷират аз ҷониби сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷират ба танзим дароварда мешавад. Мувофиқа намудани рўйхати сафарбаршавандагон барои муайян кардани шумораи дақиқу аниқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва ташкили махзани ягонаи маълумот низ зарур мебошад.

Аммо на ҳамаи субъектҳои хоҷагидор рўйхати сафарбаршавандагонро бо зерсохторҳои Хадамоти муҳоҷират мувофиқа менамоянд. Масалан, новобаста ба дархостҳои хаттию шифоҳии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, вақтҳои охир ин талабот аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор пурра риоя нашуда истодааст.

Ҳоло аксари кулли шаҳрвандон бо телефонҳои мобилӣ таъмин мебошанд ва имкони аксбардорию наворбардории ҳолатҳои гуногуни сафар ва ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, ҳамзамон дар сомонаҳои интернетӣ ҷой додани онҳо фаровон аст. Аз чӣ бошад, ки мақомоти дахлдор чунин маводҳои танқидиро мавриди пайгирӣ қарор намедиҳанд ва нисбати сабабгорони ин гуна ҳодисаҳо ягон чораи қатъӣ андешида намешавад. Дар сурати эътибор додани сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷират масъулини ширкатҳо бо навиштани баёнот ва додани ваъда оид ба дигар роҳ надодан ба чунин камбудиҳо иктифо менамоянд ва вазифаи худро иҷрошуда меҳисобанд.

Бо мақсади равшанӣ андохтан ба асли масъала мо чанд маводи танқидии дар соли равон расонаишударо мавриди баррасӣ қарор додем. Маълум шуд, ки ҳангоми гуселу сафарбаркунӣ ягон субъекти хоҷагидор рўйхати муҳоҷирони меҳнатии дар ҳудуди ҷумҳуриҳои Қирғизистону Қазоқистон сарсону саргардон ва ба мушкилот дучоршударо бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар вилояти Суғд мувофиқа накардааст ва ин сафарбаркуниҳо бе огоҳонидани Раёсат роҳандозӣ шудаанд. Чунин муҳоҷирони меҳнатӣ ба гуфти миёнаравҳо ва роҳбаладон бовар кардаю фирефта шуда, ҷой доштани эҳтимоли фиребхўрию сарсоншавиро ба гўшаи хотирашон намеоранд. Ҳатто дар марказҳои маълумотдиҳии Раёсат ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо вазъи ҳуқуқии худро ба таври ройгон санҷида, оид ба муҳоҷирати бехатар маслиҳат намегиранд. Лекин баъди ба мушкилот дучор шудану фиреб хўрдан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот муроҷиат накарда, барои даъво ба Раёсат меоянд.

Бо мақсади ислоҳи вазъияти ҷойдошта, дар асоси пешниҳоди прокуратураи вилоят Раёсат дар давоми нимсолаи аввали соли равон гурўҳи кории муштарак ташкил намуда, фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро санҷид ва дар доираи ваколатҳои худ корҳои муайянро анҷом дод. Лекин ин корҳо чандон натиҷаи назаррас надоданд, зеро субъектҳои хоҷагидор худро соҳибихтиёру мустақил ва ба Раёсат вобастанабуда меҳисобанд. Раёсат бошад, барои таҳти назорати доимию қатъӣ гирифтани фаъолияти онҳо дар ихтиёраш ягон фишанги ҳуқуқӣ надорад.

Раёсат ҳар сол аз субъектҳои хоҷагидор рўйхати роҳбаладони фаъолиятбарандаро дархост намуда мегирад. Аммо дар вақти рўй додани ҳодисаҳои ногувор дар роҳ маълум мешавад, ки ному насаби аксари кулли роҳбаладони ҳамроҳи муҳоҷирони меҳнатӣ қарордошта ё миёнаравҳои онҳоро сафарбарнамуда дар рўйхатҳои пешниҳодгардида вуҷуд надорад.

Барои роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотию тарғиботӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатии сафарбаршаванда, ба онҳо фаҳмонидани қоидаҳои муҳоҷирати бехатар, дастрас намудани ҳар гуна маводи иттилоотӣ ва шумораҳои охирини рўзномаи соҳавии «Шуғл ва муҳоҷират» Раёсат имконият дорад ва дар ин самт мунтазам корбарӣ ҳам мекунад. Аз ҷумла, чуноне ки болотар қайд шуд, соли равон 2 маротиба – 31 март ва 19 сентябр аз фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан аз ҷониби Раёсат ва ҶДММ «Мирзо ва К» гусели ботантанаи муҳоҷирони меҳнатӣ барои таъмин намудан бо ҷойи кор дар Федератсияи Россия ташкил ва тариқи телевизион намоиш дода шуд. Ин кор чандин сол пеш ба ҳукми анъана даромада буд ва то ҳол идома дорад.

Илова бар ин, дар асоси Созишномаи дуҷониба бо Раёсат оғоз аз моҳи сентябр ташкилоти ҷамъиятии «Амали нек» ба шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ё аз муҳоҷирати меҳнатӣ бармегарданд, як қатор хизматрасониҳои ройгони тиббӣ  ва ҳуқуқию маърифатиро пешниҳод карда истодааст. Ҳамчунин муҳоҷирони меҳнатии хоҳишманд метавонанд дар курсҳои кўтоҳмуддати ташкилнамудаи ТҶ «Амали нек» ба таври ройгон касбҳои мухталиф ва забони русиро омўзанд.

Дар ин радиф тибқи супориши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти он, ки гуселу сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ асосан дар ҳамин ду терминали нақлиётӣ роҳандозӣ мешавад, Раёсат барои осон намудани мушкилоти муҳоҷирон дар саристгоҳи шаҳри Хуҷанд ва истгоҳи «Роҳи Абрешим» ду нуқтаи сайёри маълумотдиҳӣ ташкил намуд. Ин нуқтаҳо дар рўзҳои сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ фаъолият мебаранд ва кормандони Раёсат шиносномаҳои онҳоро санҷида, вазъи ҳуқуқиашонро муайян менамоянд. Ҳамзамон ба онҳо қоидаҳои муҳоҷирати бехатар фаҳмонида, маводҳои иттилоотию маърифатӣ дастрас карда мешаванд.

Дар аксари маводҳои танқидӣ аз тарафи муаллифон тавассути воситаҳои нақлиёти аз ҷиҳати техникӣ носоз сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ махсус таъкид мешавад. Аз рўи мушоҳида, субъектҳои хоҷагидор муҳоҷирони меҳнатии сафарбаркардаашонро аз маркази вилояти Суғд то марзи Ҷумҳурии Қирғизистон бо микроавтобусҳои замонавӣ интиқол дода, баъдан ба автобусҳое мешинонанд, ки ба шаҳрвандони ҳамин ҷумҳурӣ ё Ҷумҳурии Қазоқистон тааллуқ доранд. Бо ибораи дигар, аз шаҳри Хуҷанд назорат намудани ин раванд ғайриимкон аст.

Аз ин лиҳоз бо мактуби Раёсат аз 27.09.2018, №16/1-345 ба сарварони ҳамаи субъектҳои хоҷагидор дастур дода шуд, ки сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ бо мувофиқаи рўйхати онҳо бо Раёсат, санҷидани шиноснома ва муайян намудани вазъи ҳуқуқӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳию дастрас кардани маводҳои ташвиқотӣ – тарғиботӣ вобаста ба муҳоҷирати бехатар, хабардорсозӣ ва пешакӣ тайёр намудани онҳо ба вазъиятҳои фавқулодда, тавассути воситаҳои нақлиёти коршоями ба сафари дур омодабуда ба роҳ монда шуда, роҳбаладон ва намояндагони субъектҳои хоҷагидор онҳоро то охир ҳамроҳӣ кунанд. Пўшида нест, ки дар байни роҳбаладони субъектҳои хоҷагидор шахсони тасодуфӣ ҳам бисёранд, ки бо вазифаи худ пурра шинос нестанд ё онро сатҳию рўякӣ ба ҷо меоранд. Бинобар ин Раёсат ташкил намудани семинари дастурдиҳӣ барои кормандони субъектҳои хоҷагидорро ба нақша гирифта, дар рафти он мавзўи мазкурро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Ҳамзамон ба шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо супориш дода шудааст, ки раванди сафарбарнамоии муҳоҷирони меҳнатиро дар маҳалҳо таҳти назорати қатъӣ гирифта, зимни роҳандозии корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва мулоқот бо аҳли ҷомеа шаҳрвандонро дар хусуси мушкилоти сафар огоҳонанд. Ба онҳо маслиҳат диҳанд, ки пеш аз сафар дар нуқтаҳои маълумотдиҳии мавҷуда шиносномаи худро ҳатман санҷида, вазъи ҳуқуқиашонро муайян намоянд, аз мутахассисон маслиҳат гирифта, бо маводҳои иттилоотӣ ва бо қоидаҳои муҳоҷирати бехатар шинос шаванд, ба доми фиреби роҳбаладони тасодуфӣ ва миёнаравҳои ношинос наафтода, қабл аз ба роҳ баромадан бо субъекти хоҷагидор ҳатман шартнома банданд ва иҷрои онро талаб намоянд.

Ҳамин гуна дастуру супоришро  кормандони дастгоҳи Раёсат низ, ки ба ташкилу гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ ва дастурдиҳӣ масъуланд, гирифтанд. Айни замон Раёсат ва сохторҳои зертобеи он дар рафти чунин чорабиниҳо маводҳои ташвиқотию тарғиботии аз Хадамоти муҳоҷират дастрасшударо тақсим намуда истодаанд. Раёсат соли равон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ чанд номгўй дастурамал омода кард, ки дар рафти мулоқотҳо ба шаҳрвандон ройгон дастрас мешаванд. Дар онҳо тамоми қоидаҳои муҳоҷирати бехатар, суроға ва рақами телефону почтаҳои электронии ҷойҳои ба онҳо даркорӣ аз қабили сафоратхона, намояндагиву консулгариҳо ва ғайра дарҷ шудаанд.

Вазъияти ҷойдошта тақозо менамояд, ки дар назди Вазорат, Хадамоти муҳоҷират ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд бахш ё шуъбаи махсусе фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро пурра таҳти назорат қарор диҳад. Чунки сабаби ҳамаи камбудиҳои ҷойдошта беназоратӣ мебошад. Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ва сохторҳои зертобеи он аз ҷиҳати қонунӣ ба санҷидану таҳти назорат гирифтан ва дахолат намудан ба кори субъектҳои хоҷагидор ҳуқуқ надоранд ва субъектҳои хоҷагидор аз сустии назорат аз болои фаъолияташон истифода бурда, ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ медиҳанд.

 

                                                                                          Мардон Қурбонов