Меҳмон чӣ мегўяд?

1,017 просмотров

Тоҷикистон бо манзараҳои зебои худ алакай дар дили ҳазорон нафар шаҳрвандони хориҷӣ ҷой гирифтааст. Онҳо қариб ҳар рўз тавассути тайёра ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе поин шуда, пасон аз Тоҷикистони азизи мо дидан мекунанд.

Мо бо яке аз чунин шаҳрвандони хориҷӣ, ки тавассути тайёра аз шаҳри Екатеринбург ба Тоҷикистон фуруд омад, ҳамсуҳбат шудам. Ў Игор Казаков мебошад, бори аввал аст, ки ба кишвари офтобрўи мо ташриф овардааст. Чанд муддате ки ў дар Тоҷикистон қарор дорад, мехоҳад аз гўшаю канори он дидан намояд.

Аслан Игор Казаков мехоҳад дар осоишгоҳи «Баҳористон» истироҳат кунаду бо чашмони худ бинад, ки тоҷикон, чӣ гуна умр ба сар мебаранд. Ин сафар ў сари танҳост, ният дорад мартабаи дигар бо аҳли байти худ ба Тоҷикистон ояд. Зеро табиату ҳавои Ватани азизи мо ба ишон писанд омад.

                                                                                  Анвар Юсупов