Муаррифии ҷойҳои холии кор дар хориҷа

125 просмотров

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан дар ҳамкорӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии “Бирҷаи меҳнати ҷавононони Тоҷикистон” ва Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар Ҷамоати деҳоти Пошкент чорабинии муштарак гузарониданд.

Дар рафти он масъалаи омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, муҳоҷирати бехатар, омӯзиши забон ва таъриху фарҳанги рус ва касбу ҳунар, шаҳодатномакунонии малакаҳои меҳнатӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва муташаккилона бо ҷои кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик баррасӣ гардид.

Дар назди иштирокчиён, ки шумораашон ба 40 нафар мерасид, асосан намояндаи Корхонаи воҳиди давлатии “Бирҷаи меҳнати ҷавононони Тоҷикистон” Мирзо Абдуллоев суханронӣ намуда, ҷойҳои холии корро дар вилояти Волгогради Федератсияи Русия муаррифӣ кард. Дар суханронии ӯ қайд гардид, ки корхонаи мазкур аз соли 1997 дар самти бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа амал мекунад ва дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати мамлакат фаъолият мебарад.

Зимни мулоқоти озод ба саволҳои иштирокчиён оид ба муҳоҷирати бехатар мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан Ф. Ҳакимов посух дод.

 

Мардон ҚУРБОНОВ