Мулоқот дар Ҷамоати деҳоти Баландкӯҳ

113 просмотров

Чорабинии навбатии иттилоотӣ – маърифатии бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич, ки ба масъалаи муҳоҷирати бехатар бахшида шуд, дар маҷлисгоҳи хонаи фарҳанги деҳаи Ростровути  Ҷамоати деҳоти баландкӯҳи Ростровут доир гардид. Дар он зиёда аз 180 нафар сокинони ҷамоат, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, дохилию экологӣ ва аъзои оилаи онҳо иштирок карданд.

Баъд аз сухани ифтитоҳии раиси ҷамоат Р. Шарифзода ва муаррифии меҳмонон мудири бахши Хадамоти муҳоҷират С. Баҳодурова, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ Л. Файзиева, мутахассиси ҷамоат оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ О. Солиев суханронӣ карданд.

Ин чорабинӣ ба арафаи таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳоҷир рост омад ва бо истифода аз иштироки намояндагони дигар бахшу мақомоти давлатӣ дар рафти он мавзӯъҳои пешгирӣ ва мубориза ба муқобили хатарҳои ҷаҳони муосир, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ, бузургдошти забони давлатӣ, эҳёи суннатҳои аҷдодии номгузорӣ, таълиму тарбияи фарзанд, саҳмгузорӣ дар ободонии диёр низ баррасӣ гардид.

Дар интиҳои чорабинӣ мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират О. Солиев ба иштирокчиён маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ тақсим кард.

Мардон ҚУРБОНОВ