Рӯзи байналмилалии муҳоҷир муборак!

117 просмотров

Рӯзи байналмилалии муҳоҷир, ки таҷлили он дар солҳои соҳибистиқлолии Ватанамон ба ҳукми анъана даромад, дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шукӯҳу шаҳомати хоса дорад. Аз ҷумла аҳли ҷомеаро ҳанӯз ҳиссиёти баланд ва рӯҳияи идона аз мавриди истифода қарор гирифтани агрегати нахустини Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» тарк нагуфтааст.

Ҳамагӣ баъди чанд рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатиашонро ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа менамоянд. Албатта, мо кормандони соҳаи муҳоҷират низ Паёми Пешвои муаззами миллатро ҳамчун роҳнамо ва дастури амали худ пазируфта, дар самти иҷрои дастуру ҳидоят ва супоришу вазифагузориҳояшон кӯшиш ба харҷ хоҳем дод.

Рӯзи муҳоҷир ҳамчун ҷашни байналмилалӣ таърихи тӯлонӣ надорад. Соли 1990 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Конвенсияи байналхалқӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро қабул кард ва 4-уми декабри соли 2000 дар асоси резолютсияи 55/93 18-уми декабрро Рӯзи байналмилалии муҳоҷир эълон намуд.

8-уми январи соли 2002 Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин Конвенсия аъзо гардид ва он соли 2003 ҳукми қонунӣ пайдо кард. Мақсади асосии Конвенсия ноил шудан ба ҳалли мушкилот ва дар сатҳи лозима ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо буда, масъалаи мазкур ҳамеша дар маркази диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои расмии худ ба кишварҳои хориҷа бо кору фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ, диаспора ва марказҳои ҳуқуқию фарҳангии ҳамватанонамон шинос мешаванд. Зимни ба имзо расонидани созишномаҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои қабулкунанда ҳатман манфиатҳои муҳоҷирони тоҷикистониро ба эътибор мегиранд.

Пешвои муаззами миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид намуда буданд: «…ҷиҳати коҳиш додани муҳоҷират муҳайё намудани ҷойҳои нави кориро дар дохили кишвар ҳарчи бештар тавсеа бахшида, доир ба масъалаҳои танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони мо ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи кишварҳои қабулкунандаи нерӯи корӣ беш аз пеш тақвият бахшида шавад».

Дар ин радиф, андешидани чораҳои амалӣ дар самти ба муҳоҷирони меҳнатӣ омӯзонидани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русию англисӣ ва касбу ҳунарҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ ва дар умум тайёр кардани мутахассисони соҳибихтисосро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим арзёбӣ кардаанд.

Вобаста ба таъсиси ҷойҳои нави кор, танзими масълаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ, омода намудани кадрҳои коргарӣ ва дар умум ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ҳамасола дар вилояти Суғд ҳам корҳои муайян ба иҷро мерасанд.

Айни замон ба ғайр аз Раёсати вилоятӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят шуъба ва бахшҳои Хадамоти муҳоҷират фаъолият менамоянд, филиали Агентии ҷумҳуриявии бокортаъминкунии шаҳрвандон дар хориҷа, Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд, КВД «Бирҷаи меҳнати ҷавонони Тоҷикистон» ва як қатор ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатии воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Русия мамнӯъ ва ба ватанбаргашта кор мебаранд.

Ҳамчунин, дар миқёси вилоят 10 адад субъектҳои хоҷагидор бо Иҷозатномаҳои Хадамоти муҳоҷират ва Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мусофиркашонии байналмилалӣ ва дар хориҷа бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ машғул буда, соли равон аз ҷониби онҳо  зиёда 550 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҷойи кор таъмин шуданд ва наздик ба 6 ҳазор нафар муташаккилона ба хориҷа сафарбар гардиданд. Ба шарофати сиёсати «дарҳои кушода» – и эълоннамудаи Сарвари давлат ҳоло дар ҳудуди вилоятамон беш аз 60 ширкату корхонаҳои муштарак бо ҷалби қувваи кори хориҷӣ фаъолият менамоянд.

Дар бунёдкорию созандагӣ саҳмгузории муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ падидаи нодир буда, давлату Ҳукумат дар симои онҳо шарикони рушди кишварро мебинанд. Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд соли равон, дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Анҷумани якуми соҳибкорон ва ҳамватанони бурунмарзиамон доир шуд ва дар самти татбиқи Консепсия оид ба ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар қадами қатъӣ гардид.

Соли равон дар Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст. Мақсад аз рушди сайёҳиву ҳунарҳои мардумӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои калони кишоварзӣ, пеш аз ҳама, фароҳам овардани ҷойҳои иловагии кор мебошад. Чунин тадбирҳо имкон доданд, ки давоми чанд соли охир, аз ҷумла соли равон шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҳисоби сокинони вилояти мо рӯ ба камшавӣ орад.

Замони муосир замони басо хатарзои ҷаҳонишавии давлатҳо ва тамаддунҳо мебошад. Чуноне ки ҳамарӯза мушоҳида мекунем, имрӯз байни давлатҳои абарқудрати дунё муборизаи пинҳону ошкоро барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва соҳиб шудан ба захираҳои бештари неъматҳои моддӣ идома дорад. Ва чуноне ки Сарвари муаззами давлатамон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо намояндагони ҷомеаи кишвар баён доштанд, дар чунин муҳиту вазъият бештар кишварҳои рӯ ба инкишоф зиён мебинанд.

Муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамчун падидаи иҷтимоӣ ҷиҳатҳои мусбату манфии худро дорад. Ба шарофати муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамдиёрони мо дар мусофират барои пешбурди зиндагӣ маблағи муайян ба даст меоранд, то андозае касбу замон меомӯзанд, бо гуфте оламу одамро мебинанд ва доираи ҷаҳонбиниашон васеътар мешавад.

Дар ин радиф ҳодисаҳои маҳз ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан даст ба қонуншиканию ҷинояткорӣ задан, аз баҳри оила ва наздикону пайвандон баромадан, гирифтор шудан ба ҳар гуна бемориҳои гузаранда, гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва дар умум пеш гирифтани тарзи носолими ҳаёт аз ҷониби шаҳрвандон ҳам зиёд ба мушоҳида мерасанд. Маҳз аз ҳамин сабаб муҳоҷирони меҳнатиро коршиносону таҳлилгарон ба қишрҳои осебпазири ҷомеа мансуб медонанд.

Раванди муҳоҷират, аз ҷумла муҳоҷирати меҳнатӣ доимо дар ҳаракат буда, қариб идоранашаванда аст. Дар ҷаҳон сол то сол шумораи муҳоҷирон меафзояд ва ҳалли муаммою мушкилоти онҳо кӯшиши дастҷамъонаи аҳли ҷомеаро тақозо менамояд.

Имрӯз дар кишвари соҳибистиқлоламон пешгирӣ ва мубориза ба муқобили бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла СПИД, муқовимат бо терроризму экстремизм, роҳ надодан ба амалҳои хусусияти коррупсионидошта, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва расму оинҳои мардумӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» аз ҷумлаи масъалаҳои доғи рӯз ба ҳисоб мераванд.

Дар чунин муҳиту шароит мехоҳем волидон ва аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, маҳаллахона ва ҷамоатҳо, инсонҳои солдидаву соҳибтаҷриба ва фаъолони ҷомеа дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифат ва фарҳанги оиладории онҳо бо мо ҳамкории густурда дошта бошанд.

Соли 2021 сокинони кишвар 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ватанамонро ботантана таҷлил хоҳанд кард. Тибқи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ин муносибат 1300 рӯзи бунёдкорию созандагӣ эълон гардида, диёрамон ба арсаи меҳнати зарбдор табдил ёфтааст. Итминони комил дорем, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзиамон ҳаргиз дар канор намемонанд ва дар самти ободу зебо гардонидани Ватани аҷдодиамон иқдомҳои шоистаро рӯи кор меоранд.

Бо чунин таманнои нек Рӯзи байналмилалии муҳоҷирро ба ҳамватанони азиз табрику муборакбод мегӯям. Бигзор ҳамеша хонаободу сарбаланд бошанд!

 

                                                    Зайнура ШАРИФӢ, Сардори Раёсати

                                              Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд