Вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бо терроризм ва экстремизм

144 просмотров

Чорабинии муштараке, ки аз ҷониби шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши Хадамоти муҳоҷират ва бахши кор оид ба дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумии МИҲД-и ноҳияи Деваштич дар толори Ҷамъияти матлуботи шаҳраки Ғочӣ доир гардид, ба арафаи Рўзи байналмилалии муҳоҷир рост омад ва ба мавзўи пешгирӣ ва мубориза ба муқобили терроризму экстремизм бахшида шуд.

Чуноне ки мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич Санавбар Баҳодурова иттилоъ дод, дар радифи намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа 25 мнафар муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ҳам ширкат карданд.

Баъди шунидани суханронии сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Р. Эмомзода, муовини ў Б. Қосимов ва сархатиб Н. Бобоҷонов миёни иштирокчиён ва маърўзачиён саволу ҷавоб ва мусоҳибаи озод доир шуд.

 

                                                               Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                          дар ноҳияи Деваштич