Чорабинии ҷамъбастӣ бахшида ба рӯзи байналмилалии муҳоҷир

43 просмотров

18-уми декабри соли равон тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки кормандони дастгоҳи Раёсат ва сохторҳои зертобеи он, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма, собиқадорону фаъолони ҷомеа, донишҷўёну омўзгорон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо чорабинии ҷамъбастӣ бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳоҷир доир гардид. Дар ташкил ва гузаронидани ин чорабинӣ, ки таҳти унвони «Аксия оид ба муҳоҷирати бехатар» дар коллеҷи омўзгории ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар сатҳи баланд гузашт, ташкилотҳои ҷамъиятии  «Фонди рушди ҷомеа», «Чашмаи ҳаёт» ва «Хуршеди зиндагӣ» бо Раёсат ҳамкорӣ намуданд.

Аксия аз шинос шудани иштирокчиён бо маҳсули ҳунари дастии донишҷўён ва намунаҳои ба озмуни эҷодии расму овеза (плакат) ва иншои беҳтарин дар мавзўи муҳоҷирати бехатар пешниҳодгардида ва лаҳзаи мусиқӣ оғоз ёфт. Баъдан баранда аз номи маъмурияти коллеҷи омўзгорӣ ва ташкилкунандагони чорабинӣ иштирокчиён ва меҳмонони даъватшударо хайрамақдам гуфта, барояшон сарсабзию хонаободӣ таманно намуд.

Нахуст дар назди аҳли толор сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ суханронӣ намуда, оид ба сиёсати давлатӣ вобаста ба муҳоҷират, таърихи мухтасари Рўзи байналмилалии муҳоҷир, вазъи имрўзаи раванди муҳоҷират ва дурнамои он дар вилоят, самтҳои асосии фаъолияти Раёсат ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо маълумот дод. Дар суханронӣ қайд гардид, ки масъалаи ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо, фароҳам овардани ҷойҳои нав ва иловагии кор, ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар ва дар умум паст кардани сатҳи муҳоҷират дар мадди назари ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар ин радиф таҳти сарварии Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ дар самти мазкур чораҳои муассир меандешад, ки далели равшани ин гуфтаҳо солҳои охир кам шудани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар вилоят ва дар арафаи фарорасии Рўзи Истиқлолияти давлатии Ватанамон соли равон баргузор гардидани Анҷумани якуми соҳибкорон ва ҳамватанони бурунмарзӣ мебошад.

Ҳамоҳангсози Шўрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Аъзам Ҳотамӣ дар суханрониаш ташкили аксияи муштарак бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳоҷирро самараи неки ҳамкории миёни Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ арзёбӣ кард ва аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки дар самти ташкил ва гузаронидани чунин чорабиниҳои маърифатӣ – иттилоотӣ Шўрои  вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон низ бо Раёсат ҳамкории густурда дорад. Ҳамзамон насли ҷавонро даъват кард, ки ба халқу Ватани худ содиқона хизмат намоянд.

Собиқадори меҳнат, аъзои Шўрои бонувони вилоят Мукаррама Бузрукова бо зикри дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои зиндагии шоиста дўст доштани Ватан, оила ва касбро шарти асосӣ маънидод кард. Баён дошт, ки дар давоми наздик ба сӣ сол ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар диёрамон дигаргуниҳои азим ба амал омад. Аҳли ҷомеа, аз ҷумла наврасону ҷавонон бояд ба қадри сулҳу ваҳдат, тинҷию амонӣ, серию фаровонӣ расанд, тибқи фармудаи устодонашон амал намуда, тарзи ҳаёти солимро пеш гиранд ва ба роҳҳои бад нараванд.

Дар суханронии раиси Шабакаи ташкилотҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Умед» оид ба пешгирии савдои одамон ва муҳоҷират Бахтиёр Абдуҷабборов таъкид шуд, ки ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамеша ҷонибдори сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳастанд ва дар самти пешгирӣ ва мубориза бо падидаҳои номатлуб, танзими муҳоҷират, ҳалли мушкилоту муаммоҳои муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо бо ниҳодҳои давлатӣ ҳамкории густурдаро ба роҳ мондаанд.

Паёми раиси Шўрои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар вилояти Суғд, роҳбари иттиҳодияи ҷамъиятии «Хуршеди зиндагӣ» Шуҷоат Ҳасанова аз ҷониби баранда ба аҳли толор расонида шуд.

Донишҷўи соли дуюми коллеҷи омўзгорӣ Муридшо Кўчакшоев бо истифода аз слайдҳо ва маълумоти оморӣ оид ба савдои одамон ва вазъи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дод. Аз иштирокчиёни ҷавони чорабинӣ, аз ҷумла донишҷўёну муҳоҷирон дархост, кард, ки аз хатарҳои замони ҷаҳонишавии давлатҳову тамаддунҳо огоҳ бошанд ва ҳаргиз ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Дар идомаи чорабинӣ иттилоъ дода шуд, ки ташкилкунандагони аксия қаблан ба муносибати Рўзи байналмилалии муҳоҷир озмунҳои эҷодии расму овеза ва иншои беҳтаринро вобаста ба муҳоҷирати бехатар эълон намуда буданд. Дар умум дар озмуни иншои беҳтарин 58 нафар донишҷўён аз коллеҷи омўзгорӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ иштирок карданд. Аз рўи натиҷаҳои ҷамъбасти озмун ҷойи аввал ба донишҷўи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров – Норҷона Давлатова, ҷойи дуюм ба донишҷўи ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ –  Насиба Рўзиева ва  ҷойи сеюм ба донишҷўи коллеҷи омўзгорӣ  Меҳрангез Аҳрорӣ муносиб дониста шуд. Дар озмуни расму овезаҳои беҳтарин бошад, донишҷўёни ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ мақоми аввал, ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров мақоми дуюм ва коллеҷи омўзгорӣ мақоми сеюмро ишғол намуданд.

Ба ғолибони озмунҳо дар вазъияти тантанавӣ туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Ҳамзамон барои нишондиҳандаҳои баланди меҳнатӣ сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд Манзурат Саторова, сармутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент Биҳафиза Домуллоҷонова ва мутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсат Нилуфар Сатторова бо туҳфаҳои хотиравии Шўрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳоҷир қадрдонӣ гардиданд.

Аксияи муштарак бо барномаи консертии ҳаваскорони санъати коллеҷи омўзгорӣ ба охир расид.

 

                                                                            Мардон ҚУРБОНОВ